Акнун хоҳишмандони ширкат дар қуръакашӣ ё лоторияи “Корти сабз” (“Green Card”)-и Амрико баробари пур кардани аризаи худ бояд 1 доллар, муодили қариб 10 сомонӣ пардохт кунанд. То кунун сабтином барои ширкат дар қуръакашии "Корти сабз"-и Амрико ройгон буд.
Огоҳинома дар ин бора дар феҳрест ё реестри федеролии Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 16-уми сентябр нашр шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин маблағ "барои пӯшонидани хароҷоти нигоҳдорӣ ва санҷишҳои амниятии система" кумак карда, боиси коҳиш ёфтани дархостҳои қалбакӣ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии ИМА тахмин кардааст, ки ин иқдом ба буҷаи Амрико ҳамасола тақрибан 25 миллион доллар даромад меорад.
Дар ҳамин ҳол, маблағи баррасии парвандаи раводиди барандагони "Корти сабз" 330 доллар боқӣ мондааст.
Дар санад мушаххас гуфта нашудааст, ки аз кай ин иқдом роҳандозӣ мегардад. Вале зикр мешавад, ки ин санад баъди 30 рӯзи нашр дар расонаҳо, ба ҳукми амал медарояд. Аз санад бармеояд, ки тартиби нав 16-уми октябр ба ҳукми амал медарояд.
Ҳамзамон чанд расонаи дигар, аз ҷумла, "Lenta.ru" бо такя ба расонаи амеркиоии "Boundless" навиштааст, ки талаботи нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар робита ба пулакӣ кардани аризаи “Корти сабз” сар аз 16-уми октябр амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, маълум нест, ки ин маблағ чӣ гуна, яъне тавассути кадом система падохт мешавад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Lenta.ru" навиштааст, ки “аз соли 2026 арзиши раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ ба ин кишвар ба далели пардохти нави "Visa Integrity Fee" аз 185 доллари ҳозира ба 435 доллар афзоиш хоҳад ёфт.
Аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат ин масъаларо шарҳ медиҳанд.
Ҳамасола даҳҳо нафар аз Тоҷикистон ҳам “Green Card”-ро пур мекунанд. Аз ҷумла, имсол аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 нафар барандаи “Корти сабз” шуда буданд.
Сар аз соли 1990, ҳамасола Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50000 раводиди иқомати доимӣ медиҳад.
Ғолибони лотереяи “Green Card” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.
Маъмулан муҳлати супоридани ариза барои дарёфти “Корти сабз” ҳамасола дар моҳи октябр оғоз ёфта, ҳудуди як моҳ ё бештар аз он идома мекунад. Натиҷаи он ғолибан моҳи майи соли оянда маълум мешавад.
Дар ин матлаби таҳиянамудаи мо дар бораи пур кардани мустақилонаи аризаи "Green Card" ва дар матлаби дигари дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан маълумот пайдо кунед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста