Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли равон қонуни соҳибкории иҷтимоӣ қабул гардид. Ин қонун ба соҳибкороне, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро дастгирӣ мекунанд, сабукиҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳои давлатӣ пешбинӣ кард. Вале худи соҳибкорон мегӯянд, бо гузашти 7 моҳ ҳеҷ тағийроте дар фаъолияти онҳо ба назар намерасад.
Яке аз ин ташкилотҳо, созмони ҷамъиятии “Ирода” аст, ки ба қишри осебпазири аҳолӣ, кӯдакони дорои аутизм кӯмак мекунад.
“Мувофиқи қонуни қабулшуда, 50% фоидаи бадастомада бояд дубора ба фаъолияти оинномавии ташкилот сармоягузорӣ шавад. Дар “Ирода” бошад, имрӯз 100% даромад дубора сармоягузорӣ мешавад. Гарчанд қонун фаъолияти моро, ки аллакай амалкунанда аст, пуштибонӣ кард, вале дар амал барои ТҶ “Ирода” ягон тағйироти куллӣ ворид накард”, - гуфт Лола Насриддинова, директори ТҶ "Ирода".
Аз Кумита давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон сабаби то ҳол дар амал татбиқ нагардидани имтиёзҳои дар қонун пешбинишударо омода набудани заминаи арзёбии соҳибкории иҷтимоӣ ва “Феҳристи бақайдгирии субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ” гуфтанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, интизор меравад, то як моҳи оянда феҳристи субъектҳо ва заминаи арзёбии соҳибкории иҷтимоӣ омода шавад.
Собир Вазиров, намояндаи Кумитаи андоз дар нишасти матбуотии тобистони соли равон гуфт, то имрӯз ба кумита барои бақайдгирии соҳибкории иҷтимоӣ касе муроҷиат накардааст.
Дар ҳолати татбиқ гардидани қонун, соҳибкорони иҷтимоӣ аз имтиёзҳои гуногун бархурдор мешаванд. Ин аз имтиёзи андозӣ ва сабукиҳо ҳангоми гирифтани грантҳо ва ғайра иборат мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста