Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин ноҳия рӯзи 2-юми октябр оғоз шуд ва дар доираи он нахуст дар деҳаи Дӯстӣ Мактаби президентии ноҳия, ки аз ҷониби Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шуд, ифтитоҳ гардид.
Раисҷумҳури кишвар дастур додааст, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак кӯдакистон низ сохта шавад.
Мактаби президентӣ барои таҳсили 700 хонанда пешбинӣ гардида, аз 3 ошёна, 27 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, толору майдончаи варзишӣ, ошхона будааст. Раванди таълим дар ин мактаб бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки он ба Мактаби президентӣ барои ҷамоатҳои Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад.
Дар идома, раисҷумҳур биноҳои иловагӣ дар назди 2 муассисаи таълимӣ, муассисаи тандурустӣ ва хатти оби нӯшокӣ барои 30 ҳазор сокини шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмаликро ба тариқи фосилавӣ ба истифода додааст.
Ба иттилои расмӣ бинои иловагӣ дар назди мактаби №10- деҳаи Чавроқ барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ будааст.
Дар бинои дигаре, ки дар назди мактаби №25 дар деҳаи Чашмаи деҳоти Гурдоварон бунёд шудааст 480 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд.
Шуъбаҳои таваллуд, бачагона, эҳё ва ҷарроҳии Маркази саломатии ноҳияи Темурмалик баъди таъмир ба истифода дода шудааст. Дар ин марказ ба сокинон 40 табиб хизматрасонӣ мекунанд.
Инчунин раисҷумҳур шабакаҳои нави обтаъминкунӣ дар ноҳияи Темурмаликро, ки 30 ҳазор сокини маҳаллиро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кардааст. Ба иттилои расмӣ, ин лоиҳа аз ҷониби Ҳабибулло Сулаймонов, соҳибкор амалӣ шудааст.
“Мардум аз норасоии об дар маркази маъмурии ноҳия - шаҳраки Баҳманрӯд, деҳоти Танобчӣ ва Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод ва Танобчии боло солҳои зиёд азият мекашиданд”, -навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамчунин дар ноҳия Темурмалик майдони парчами давлатӣ ва варзишгоҳи марказӣ ифтитоҳ гардид.
Варзишгоҳ дар деҳоти Кангурд бо харҷи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои 6000 ҷойи нишаст мебошад. Сохтмони он моҳи августи соли 2022 оғоз шуда буд.
“Масоҳати замини варзишгоҳ 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар чор гӯшаи иншоот барои гузаронидани бозиҳои футбол чароғакҳои равшанидиҳанда насб шудааст”, - гуфта мешавад дар хабари расмӣ.
Дар варзишгоҳ 10 сокини деҳаи Кангурт ба кор таъмин шудаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, майдони парчами давлатӣ, аз ҷониби соҳибкорону сокинони деҳоти Кангурт, аз ҷумла Анвар Қурбонов, Шерхон Салимзода ва Каромат Абдиев сохта шудааст.
Баландии сутунпояи парчами давлатӣ дар ин майдон 65 метр, дарозии матоаш 20 ва паҳноиаш 10 метр будааст.
Ду рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод рафт ва дар онҷо чанд иншооти муҳимро ба истифода дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста