ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 4 ОКТЯБР
- Имрӯз, соати 19:0 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 дар риштаи футзал баргузор мегардад. Бозӣ барои Суперҷом миёни ду дастаи пойтахт – “Соро Компания” (сармураббиаш Пайрав Воҳидов) ва “Истиқлол” (сармураббиаш Владимир Чурляев) доир мешавад.
- Имрӯз аз соати 14:30 то 21:00 дар “еатри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе аввалин "urban"-фестивали шаҳрӣ барои ҷавонон, навоварон ва соҳибкорон, ки инноватсия, технология, тиыорат, медиа, илм ва истеъдодҳоро ба ҳам меорад, баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ мастер-классҳо, муҳокимаи панелӣ ва баромадҳои мутахассисон, Media Battle, намоиши брендҳои маҳаллӣ, DJ-сетҳо, баромади ҳофизон дар назар аст.
– Имрӯз соати 19:00 дар "Café City" (суроға: кӯчаи Пулодӣ, 43, ошёнаи 3) шоми синамо баргузор мегардад. Ба тамошобинон филми “Оппенгеймер”-и Кристофер Нолан, ки соли 2023 пурсарусадо гардида буд, намоиш дода мешавад.
– Имрӯз соати 19:99 дар “Кохи Суруш” оркестри мустақили Қазоқистон "NE PROSTO ORCHESTRA" аввалин маротиба дар Душанбе шоми мусиқӣ доир мекунад. Дар барнома саундтреки туркӣ, баргирифта аз сериали афсонавии "Асри бошукуҳ" (“Великолепный Век”) иҷро мешаванд. Консерти бузурги симфонӣ бо иштироки беш аз 30 мусиқинавоз ва гурӯҳи хор баргузор мегардад. Арзиши билет аз 150 то 410 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ОКТЯБР
Соли 1935 – Дар ноҳияи Вахш стансияи минтақавии илмӣ-таҳқиқотии зироатҳои ситрусӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1939 – Канали Бузурги Фарғона расман ба истифода дода шуд.
Соли 2013 – Дар ҷаласаи 11-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
Соли 2016 – Дар шаҳри Кӯлоб маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим” ба истифода дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1924 – Мавлуди Мунзифа Ғаффорова, доктори илмҳои фалсафа, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

Мунзифа Ғаффорова хатмкардаи бахши табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод буда, фаъолияти худро аз муаллимӣ дар Селхозтехникуми Ленинобод оғоз кардааст. Баъдан солҳо дар Кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод ва ҷумҳурӣ кор карда, муддате дар Донишкадаи занонаи Душанбе кор кардааст.
Фаъолияти ӯ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1957 оғоз гардида, дар ин байн солҳои 1974-1979 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.
Соли 1979 бошад ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таъин гардида, қариб даҳ сол дар ин мансаб фаъолият бурд ва баъдан то поёни умр профессори ин донишгоҳ буд.
Ӯ 28-уми июни соли 2013 даргузашт.
Соли 1929 – Мавлуди Лола Исмоилова, зистшинос, доктори илмҳои биология.
Соли 1962 – Зодрӯзи Низом Ҳакимзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Низом Ҳакимзода Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Фаъолияташ соли 1983 дар Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон оғоз шуда, минбаъд то соли 2001 дар вазифаҳои муҳосиб-ревизори трести “Тоҷикдорстрой”-и идораи автомобилгард, иқтисодчии пешбари Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиб, муовини сардор, сардори трести “Тоҷикдорстрой”-и идораи автомобилгард, муовини директори корхонаи ДСП Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Тоҷикистон, сардори идораи иқтисоди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳ кор кардааст.
Соли 2001 директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб таъин шуда, даҳ сол дар ин вазифа буд. Солҳои 2011-2013 Вазири нақлиёти Тоҷикистон буд.
Ҳакимзода то соли 2017 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намуда, баъдан раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид. Ҳоло дар нафақа аст.
Соли 1973 – Мавлуди Барно Саидвализода, сардори пешини Хадамоти иҷро, вакили парлумон дар даъвати VII.

Барно Саидвализода нахустин зани генерали замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон (тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон) номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Ӯ соли 2012 бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон таъин гардид. Баъдан дар вазифаи муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президент кор карда, аз моҳи майи 2017 то октябри 2018 роҳбарии раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи раисиҷумҳурро ба уҳда дошт.
Саидвализода соли 2018 ба мақоми муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Тоҷикистон таъйин гардида, аз моҳи апрели соли 2020 то соли 2025 сардори Хадамоти иҷро буд. Ӯ ҳоло вакили парлумон мебошад.
Моҳи августи соли 2021 Барно Саидвализода соҳиби рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 4-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳайвонот таҷлил мешавад. Ин сана бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҳифзи табиат ва сарнавишти дигар сокинони Замин муқаррар шудааст.

Ин рӯз ба хотири Сент Франсиск Ассизский, ҳомии ҳайвонот интихоб гардидааст. Ӯ яке аз аввалин шахсиятҳо дар таърих буд, ки ба муносибати инсон бо табиат ва ҳифзи ҳайвонот аҳамияти ҷиддӣ медод.
Тибқи иттилои Бунёди ҷаҳонии ҳифзи табиат (WWF), имрӯз вазъи гуногунрангии биологӣ хеле нигаронкунанда буда, ҳар соат дар ҷаҳон то се навъи ҳайвонот аз байн меравад. Ҳамарӯза бошад тақрибан 70 намуди набототу ҳайвонот нобуд мешаванд ва чоряки тамоми гуногунрангии биологиро дар ояндаи наздик хатари нестшавӣ таҳдид мекунад.
Имрӯз оғози Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон аст. Ҳамасола дар тамоми олам аз 4 то 10-уми октябрро ҳамчун Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон таҷлил мекунанд. Ин ҳафта бо қарори Созмони Милали Муттаҳид соли 1999 таъсис ёфтааст ва имрӯз ҳамчун бузургтарин чорабинии солонаи марбут ба илм ва техникаи кайҳоншиносӣ дониста мешавад.

Сабаби интихоби ин таърих ба парвози нахустини моҳвораи сунъии Замин – “Спутник” ба кайҳон рабт дорад, ки 4-уми октябри соли 1957 иттифоқ афтод. 10-уми октябри соли 1967 Шартномаи байналмилалӣ дар бораи истифодаи кайҳон ба имзо расид, ки тибқи он фазои кайҳонӣ танҳо барои мақсадҳои осоишта истифода мешавад.
4-уми октябри соли 1675 Христиан Ҳюйгенс, файласуф ва физики нидерландӣ соатҳои ҷайбиро бо механизми нави пружинии балансӣ ихтироъ ва расман сабт намуд.
Мақсади асосии Ҳюйгенс аз ин ихтиро ҳалли яке аз мушкилоти бузурги замон – муайян кардани дарозии ҷуғрофӣ ҳангоми сафарҳои баҳрӣ буд. Бо чунин соатҳо киштиҳо метавонистанд дақиқтар ҳаракат кунанд ва роҳҳои баҳриро бехатартар тай намоянд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4+9º гарм то -3+2º, рӯзона 10+15º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанд, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 10-12º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 21+23º гарм.




Сарфаи барқ дар рӯзгор. Чӣ гуна метавон кам пул харҷ кард?
Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст
“Тақдири миллатро ҳал кард”. Сокинон дар бораи Иҷлосияи 16-ум чӣ медонанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 ноябри соли 2025
Тирамоҳи заррини Тоҷикистон. Беҳтарин аксҳои хонандагони “Азия-Плюс”-ро гирд овардем
Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста