Имрӯз, 10-уми октябр, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Мо бо такя ба хадамоти матбуоти сарони кишварҳои узв ва Кумитаи иҷроияи ИДМ натиҷаи онро муайян кардем.
Ширкати 10 роҳбар ва қабули қарорҳои асосӣ дар соҳаи амният
Дар ҷаласа, ки имрӯз дар “Қасри миллат”, кохи раисҷумҳури Тоҷикистон гузашт, роҳбарони зерин ширкат доштанд:
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон;
Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон;
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон;
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус;
Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон;
Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон;
Сардор Бердимуҳамадов, раисҷумҳури Туркманистон;
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон;
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия;
Сергей Лебедев, дабири кулли ИДМ.
Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ менависад, қабули як қатор санадҳои муҳим дар соҳаи амният яке аз натиҷаҳои калидии ҷаласаи Душанбе мебошад:
- Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028 тасдиқ шуд. Ҳадафи он такмили минбаъдаи ҳамкории байни давлатҳо, мақомоти оинномавӣ ва соҳавии ИДМ дар ин самт мебошад.

- Барномаи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2026-2030 ба имзо расид. Ин барнома маҷмӯи тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ҳарбию техникӣ, иттилоотӣ ва кадрӣ барои муқовимат ба таҳдидҳо дар амнияти сарҳадҳоро дар бар мегирад.
- Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2030 тасдиқ шуд. Дар ин ҳуҷҷат таъкид шудааст, ки ҳамкории низомии ИДМ хусусияти ошкор, пешгӯишаванда ва ғайриэътилофӣ дошта, ба муқобили кишварҳои сеюм нигаронида нашудааст. Асоси маънавии ин ҳамкорӣ гиромидошти ёди гузаштаи қаҳрамононаи муштараки халқҳо мебошад.
Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва анҷом додани интиқоли назоратишавандаи байналмилалӣ ва Протоколи Конвенсия дар бораи супурдани маҳкумшудагон низ ба имзо расиданд.
Сарони кишварҳои ИДМ дар нишасти Душанбе Эъломияи ҳамкорӣ дар таъмини амнияти энержии минтақаро низ қабул кардаанд. Ин ҳуҷҷат ҳадафҳои умумии ҳамкориро муайян мекунад, ки аз ҷумлаи онҳо ҳимояи иқтисод ва аҳолӣ аз таҳдидҳои гуногун (иқтисодӣ, техногенӣ, иҷтимоӣ, сиёсати хориҷӣ, табиӣ ва киберӣ) тавассути таъмини эътимоднок ва устувори истеъмолкунандагон бо захираҳои энергетикӣ мебошад.

Формати нави “ИДМ+”
Яке аз қарорҳои калидӣ таъсиси формати “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил +” мебошад, ки бо ташаббуси Қазоқистон қабул гардидааст. Он ҳамчун платформаи нав барои ҳамкории кишварҳои ИДМ бо дигар давлатҳо, иттиҳодияҳои онҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст.
Ба навиштаи Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, ин механизм имкон медиҳад, ки ҷонибҳои манфиатдор дар чорабиниҳои зери чатри ИДМ ширкат варзанд, то муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангию башардӯстона таҳким ёбанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аҳамияти қабули қарор дар бораи ташаббуси “ИДМ+”-ро “қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии ИДМ” арзёбӣ кардааст.
Инчунин, дар ин ҷаласа мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода шудааст. Мақоми нозир ба СҲШ имкон медиҳад, ки ин созмони минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои дигари узви ИДМ дар он иштирок доранд, дар доираи ИДМ робитаи расмӣ ва мубодилаи иттилоотро барои таҳкими ҳамоҳангӣ дар масъалаҳои амният ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила барқарор намояд.

Дигар қарорҳо
Дар ҷаласа, ба навиштаи Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, масъалаи фаъолияти Комиссияи ИДМ оид ба ҳуқуқи инсон дар солҳои 2023-2025 низ баррасӣ шудааст.
Як қатор Изҳороти муштараки сарони давлатҳо дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, ба муносибати 80-солагии таъсиси СММ ва дар робита ба 40-солагии садамаи Чернобил қабул гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо медали “Барои хидматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона”-и Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ қадрдонӣ карда шуд.
Раёсат дар ИДМ дар соли 2026 ба Туркманистон вогузор шудааст. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ низ дар моҳи октябри соли 2026 дар Туркманистон баргузор мегардад.




Пул, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойи зист… Донишҷӯёни тоҷик чӣ мушкил доранд ва онро чӣ гуна ҳал мекунанд?
Ҷазои садҳо кас барои ифлоскунии ҳаво. Мақомот огоҳ мекунанд, ки сӯзонидани хазон ҷавобгарӣ дорад
Ҳукми зиндони Парвиз Одинаев, ки ба куштори писари 15-солааш муттаҳам буд, содир шудааст
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд меравад? Чанде аз роҳҳои вилоят се рӯз баста мешаванд
Суруданду рақсиданду ашк рехтанд. Ҷашни 60-солагии “Гулшан” чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ таъсис дод шавад
Ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 22
Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳояш зудтар рушд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста