Дар Тоҷикистон ба қонуне тағйирот илова шуд, ки мувофиқи он маблағи боҷи давлатӣ барои сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ду баробар зиёд гардид.
Мувофиқи тағйирот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ аз 3 ҳазору 750 сомонӣ (50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ба 7 ҳазору 500 сомонӣ (100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) боло бурда шуд.
Барои сабтиноми созмонҳои байналмилалӣ ё намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон, боҷи давлатӣ аз 7 ҳазору 500 сомонӣ (100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 15 ҳазор сомонӣ (200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) афзоиш ёфт.
Ташкилоти ҷамъиятӣ низ аз ин тағйирот канор намонданд, зеро маблағи сабтиноми онҳо аз 750 сомонӣ (10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 1500 сомонӣ (20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) зиёд карда шуд.
Ғайр аз ин, тибқи тайғироти нав, акнун вакилони дифоъ низ барои сабтином дар Вазорати адлия маблағи бештар пардохт мекунанд. Аз ҷумла, бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳо аз 1125 сомонӣ (15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 2250 сомонӣ (30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва мақоми минтақавии ин ташкилот аз 750 сомонӣ (10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 1500 сомонӣ (20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) боло бурда шуд.
Вакилоне, ки мехоҳанд бюрои адвокатӣ таъсис диҳанд, ба ҷойи 600 сомонӣ (8 нишондиҳандам барои ҳисобҳо), акнун 1200 сомонӣ (16 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) маблағ месупоранд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол метавонад тағйир ёбад. Дар ҳоли ҳозир, арзиши як нишондиҳанда 75 сомониро ташкил медиҳад.
Дар бораи афзоиши сабтином ба таври комил аз тасвирбаёнҳои “Азия-Плюс” маълумоти дақиқ гиред:
Ин лоиҳаро рӯзи 29-уми май ҳукумати ҶТ мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро ба тасвиб расониданд. Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳур дар зери тағйирот ба қонуни мазкур имзо гузошт. Пас аз як моҳи нашр дар матбуот он ҳукми иҷро мегирад.
Дар ҳоле ки ҳукумат сабабҳои афзоиши ин боҷҳоро ба таври расмӣ шарҳ надодааст, масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ин иқдом метавонад барои ташкилоте, ки захираҳои молиявии маҳдуд доранд, мушкилот эҷод кунад. Афзоиши боҷи давлатӣ чӣ паёмад дорад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” маълумот бигиред.




Пул, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойи зист… Донишҷӯёни тоҷик чӣ мушкил доранд ва онро чӣ гуна ҳал мекунанд?
Ҷазои садҳо кас барои ифлоскунии ҳаво. Мақомот огоҳ мекунанд, ки сӯзонидани хазон ҷавобгарӣ дорад
Ҳукми зиндони Парвиз Одинаев, ки ба куштори писари 15-солааш муттаҳам буд, содир шудааст
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд меравад? Чанде аз роҳҳои вилоят се рӯз баста мешаванд
Суруданду рақсиданду ашк рехтанд. Ҷашни 60-солагии “Гулшан” чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ таъсис дод шавад
Ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 22
Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳояш зудтар рушд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста