Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе -2025 ба аҳамияти ин ҳамоиш барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ таъкид кардааст.

Ин форум, ки имрӯз, 14-уми октябр дар “Кохи Ваҳдат” таҳти унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” ба кори худ оғоз кард.

Раисҷумҳур зимни ифтитоҳи ҳамоиш гуфтааст, ки он сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст.

"Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад", - зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ аз сармоягузороне, ки дар самти истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, барои саҳм гузоштан дар амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёси ин соҳаҳо истиқбол кардааст.

Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Президент иттилоъ додааст, ки “танҳо соли 2024 ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид”.

“Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 5 миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд”, - гуфтааст ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад, ки ба ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст”.

Дар интиҳо, роҳбари давлат аз сармогузороне, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, даъват кардааст, ки “бо мо барои оянда сармоягузорӣ кунед – ояндае, ки бар пояи эҳтиром ба табиат, навоварӣ, боварии ҳамдигарӣ ва талошҳои муштарак ҷиҳати пешрафт асос ёфтааст”.

1/5

 

Дидору гуфтушунид бо меҳмонони ҳамоиш

Ҳамчунин, дар ҳошияи ҳамоиш, Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз меҳмонони хориҷӣ, ки барои ширкат дар ин форум ба Тоҷикистон омада буданд, мулоқоту гуфтугӯ кардааст. Аз ҷумла, дар суҳбат бо Сайид Алӣ Маданизода, вазири иқтисод ва дороии Эрон, ҷонибҳо “аз рафти густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд”. 

Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Алӣ Маданизода
Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистонро ба тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо Эрон ҳавасманд аст.

Ӯ бо ишора ба 380 миллион доллар ҳаҷми гардидани гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2024 изҳори боварӣ кардааст, ки “ин рақам дар наздиктарин фурсат ба 500 миллион доллар ва аз он бештар низ хоҳад расид”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Татяна Молчан, отиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ба масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва мавзуи марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлимро баррасӣ кардааст.  

Инчунин, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, логистика, сертификатсия, рақамисозии омор ва таҳкими иқтисоди минтақавӣ ҷониби Тоҷикистон омодагии худро иброз доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Татяна Молчан
Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон инчунин Холид Ал-Фолеҳ, вазири сармоягузории Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар ин мулоқот, ҷонибҳо ба рушти ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ таъкид кардаанд.

“Ҷалби сармояи саудӣ барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурда шуд”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ва Холид Ал-Фолеҳ
Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид, вазири савдои хориҷии Қатар низ мулоқот карда аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар "изҳори қаноатмандӣ кардааст".

Тибқи иттилои расмӣ, дар дидор иҷроиши 42 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг баррасӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид
Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Инчунин аҳамияти ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби муассисаҳои молиявии Қатар, аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахши энергетикӣ таъкид гардидааст. Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” ва омӯзиши таҷрибаи бонкдории Қатар иброз доштаанд.

Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest-2025” то 16-уми октябр идома ёфта, дар кори он намояндагони тиҷорат, созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ширкат меварзанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.