Имрӯз, 23-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ду бинои нави Донишгоҳи тиббӣ, чанд мактабу кӯдакистон, маркази саломатӣ, бинои шуъбаи маориф ва корхонаи хишти пухтаро ифтитоҳ кард.
Тибқи иттилои расмӣ, раисҷумҳур нахуст корхонаи хишти пухтаро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ кардааст.
Гуфта мешавад, “иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 120 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил дода, дар он 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд”.
Дар идома, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара маркази нави саломатӣ ба истифода дода шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, маркази табобатӣ аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шудааст. Марказ дар ду ошёна бунёд гардида, дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, табобатӣ, доругузаронӣ ва таҳлилгоҳ мебошад.
Ҳамчунин, дар ноҳия, ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба истифода дода шудааст.
Бинои таълимии рақами дуи донишгоҳ дорои 45 синфхона буда, барои таҳсили 1200 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Бинои таълимии рақами сеи он бошад, 49 синфхона дошта, таҳсили 1416 донишҷӯ дар назар гирифта шудааст.
Таълимгоҳҳо, ҳамчунин дорои 9 озмоишгоҳ, 2 толор, маркази тестӣ, 6 кафедраи фаннӣ будаанд.
“Шумораи умумии донишҷӯён дар соли хониши 2025-2026 2 ҳазору 852 нафар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳайати омӯзгорону профессорон 215 нафарро ташкил медиҳанд”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон раисҷумҳур, бо нақшаи кулли шаҳраки Данғара ва лоиҳаи бунёди ду бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон шинос шудааст. Шаҳраки Данғара, дар асоси қарори ҳукумати кишвар, дар масоҳати 3861 гектар замин бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа, бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна, 8 мактаб, 13 кӯдакистон, 46 иншооти ҷамъиятию корӣ ва савдо, 6 таваққуфгоҳи 5-6 ошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзишӣ ва боғи фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар шаҳраки Данғара мактаби №1 ба номи Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Сохтмони мактаб соли 2024 оғоз шуда, дар масоҳати 11 ҳазору 870 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Муассиса барои таҳсили 3420 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида дорои 57 синфхона, 24 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ ва майдончаи варзишӣ мебошад.
Ба иттилои расмӣ дар муасисиса, “Осорхонаи Пешвои миллат” таъсис дода шудааст, ки дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ шудаанд.
“Дар осорхонаи мазкур айёми мактабӣ, солҳои донишҷӯӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, раҳбарӣ дар хоҷагӣ ва даврони роҳбарии давлати Тоҷикистон бо расму мусаввараҳо оро дода шудааст”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави Раёсати маорифи ноҳия ифтитоҳ гардид. Бино 7 – ошёнагӣ буда, дорои 157 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона будааст.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамин бинои мактаби №90, муассисаи томактабии Шукрона ва маркази саломатиро ифтитоҳ кардааст.
Мактаби №90 аз ҷониби оилаи Бобозодаҳо ва бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои таҳсили 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Мактаб дуошёнагӣ буда, дорои 36 синфхона, китобхона, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад.
Бинои муассисаи томактабӣ 3 ошёнагӣ буда, дорои 20 ҳуҷраи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, толори бозии кӯдакон ва ошхона будааст. Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, барои нигоҳубини 400 тифл пешбинӣ шудааст.
Бинои ду ошёнагии маркази саломатӣ бошад, дорои 5 шуъба, 7 ҳуҷраи табобатӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи таваллуд буда, барои табобати беш аз 7 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.
Дар идома, бо ширкати раисҷумҳур дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара муассисаи томактабӣ, китобхона ва майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардидааст.
Муассисаи томактабии хусусии Ҷасур аз ҷониби Ҷомии Абдураҳмон, соҳибкори ватанӣ бунёд шуда, барои таҳсилу нигоҳубини 350 кӯдак пешбинӣ шудааст. Таълим дар кӯдакистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҷалби 12 мурабия роҳандозӣ шудааст.
Китобхона низ дар ин деҳа бо дастгирии Ҷомии Абдураҳмон, соҳибкор бунёд шуда, дар он 10 ҳазор адабиёти гуногун гирд оварда шудааст. Дар китобхона маркази забономӯзӣ низ кушода шудааст, ки бо 18 компютер муҷҷаҳаз мебошад.
Майдони варзишии болопӯшида дар деҳаи Ғарғара барои баргузории бозии футбол пешбинӣ шуда, дар масоҳати 20 садяк замин бунёд шудааст. Дар иншоот барои бозии волейбол ва дигар машқу тамрин ниш шароит мавҷуд аст.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 22-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон қарор дошт ва дар ин ноҳия якчанд иншооти гуногунро ба истифода дод.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста