Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дидор ва масоили тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, марзӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст.
Ин мулоқот имрӯз, 28-уми октябр, дар ҳошияи Нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон сурат гирифтааст.
Ба гузориши расонаҳои Эрон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин дидор таъмини амниятро ҳамчун заминаи густариши робитаҳои иқтисодӣ муҳим дониста, гуфтааст, ду кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории наздике дошта бошанд.
“Мо Теҳронро хонаи худ медонем ва бояд робитаҳои ду кишвар дар ҳама заминаҳо густариш ёбад. Суханони шумо бисёр ширин аст. Мардуми Тоҷикистон шуморо хеле дӯст медоранд”, - изҳор доштааст Раҳимзода.
Пизишкиён густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро муҳим дониста, бар зарурати тақвияти ҳамбастагии кишварҳои минтақа, бахусус киварҳои исломӣ, таъкид кардааст.
Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки “бегонагон дар талошанд” монеи эҷоди робитаҳои нек миёни кишварҳои исломӣ шаванд ва мусулмонону миллатҳои минтақаро ба ҷони ҳам меандозанд.
“Агар бо якдигар муттаҳид бошем, қавӣ хоҳем шуд, дар ғайри ин сурат заиф мешавем”, - гуфтааст Пизишкиён.
Ӯ дар идома гуфтааст, Тоҷикистону Эрон бо такя ба фарҳанг ва таърихи муштарак метавонанд ояндаи дурахшон барои миллатҳои худ бисозанд.
Раисҷумҳури Эрон дар охир ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки “саломи гарм”-и ӯро ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш расонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста