Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии асарҳои драмавӣ маълум шуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Ҷумъа Қуддус барои драмаи "Нури Истиқлол" дар ин озмун сазовори ҷои якум гардид. Ҷойи дуюм ба Абдувадут Файзиев барои драмаи мазҳакавии "Дар орзуи шавҳар" дода шуд. Ҷойи сеюмро Нарзулло Шарифов барои драмаи "Доми ғафлат" соҳиб шуд.
Ҳамчунин, драмаҳои "Нури мино"-и Ато Ҳамдам, "Яке рафту саг ҷакид"-и Шодӣ Солеҳ ва "Муқовимат"-и Абдуғаффори Абдуҷаббор сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ба гуфтаи Вазорати фарҳанг, ҷоизаҳо дар Рӯзи театри тоҷик, ки ҳамасола 7-уми ноябр таҷлил мешавад, ба ғолибон тақдим мегарданд. Андозаи мукофотҳои пулӣ чунин муқаррар шудаанд:
Ҷои аввал: 10 ҳазор сомонӣ
Ҷои дуюм: 8 ҳазор сомонӣ
Ҷои сеюм: 6 ҳазор сомонӣ
Ҷойҳои ифтихорӣ: 3 ҳазор сомонӣ.
Озмуни мазкур аз моҳи март то сентябри соли ҷорӣ давом кард. Ба он 19 асари драмавӣ пешниҳод шудааст.
Мутобиқи маълумоти Вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории ин озмун рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ дар мамлакат мебошад.
Асарҳои ғолибон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба табъ расида, барои таҳия ба театрҳои касбии ҷумҳурӣ тавсия дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки солҳост ҳунармандон аз адами драмманависи хуб нигаронӣ доранд ва яке аз сабабҳои набудани намоишномаи хубро ба ин рабт медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи театри тоҷик ҳар сол 7-уми ноябр таҷлил мешавад. Ин рӯз ба ёдбуди таъсиси Театри академии драмаи ба номи Аболқосим Лоҳутӣ дар соли 1929 бахшида шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста