Рӯзҳои 3-4-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳаво якбора сард шуда, барфу борон мебарад. Дар водию доманакӯҳҳо ҳарорат то 9-11 дараҷа поён меравад. Инро Оҷонсии ҳавошиносии кишвар пешгӯӣ кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, сабаби якбора сард шудани ҳаво, воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамин тариқ, бегоҳи 3-юм ва шаби 4-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ мезанад.
“Дар баландиҳои зиёда аз 1 ҳазор метр аз сатҳи баҳр борон ба барф табдил меёбад”, - менависад манбаъ.
Хатари омадани сел ва ифлосшавии ҳаво
Ба навиштаи Оҷонсии ҳавошиносӣ, рӯзҳои 2 то 5-юми ноябр дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ эҳтимол сел ояд.
Ҳамчунин, рӯзҳои 3 то 5-уми ноябр дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳавои ифлос мешавад. Рӯзи 3-юми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд низ ифлосшавии ҳаво баланд мешавад.
Оҷонсии ҳавошиносӣ гуфтааст, сабаби ин вазъият хокборише аст, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад. Дар натиҷа миқдори моддаҳои муаллақ (чанг) ва зарачаҳои майда дар ҳаво зиёд мешавад.
Ин ниҳод гуфтааст, дар сурати рух додани н ҳодисаи фавқулода ё нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода- 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг зананд.
Бо фаро расидани фасли тирамон дар Тоҷикистон бориши барфу борон зиёд мешавад ва дар бархе ҳолат ин боришот сабаби омадани сел, тахриби хонаҳои сокинон ва ҳалокати шаҳрвандон мешавад.
Аз ҷумла, солҳои охир сел хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Хуросон хароб шуданд, дар Панҷакент чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шудааст, дар Рӯшону Нуробод хонаҳоро вайрон кард ва ҳатто дар Ромит раъду барқ як нафарро кушта буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста