Ин пулҳои ҷашнӣ ба муносибати 25 солагии ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” ба гардиш бароварда шуд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пулҳо бо теъдоди муайян ба муомилот бароварда шуд, ки дар қатори дигар пулҳои коғазӣ баробар гардиш менамояд. Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки аз ин намуди пулҳо мушаххас чӣ қадар ба муомилот бароварда шудааст.
“Дар 25 сол Бонки миллӣ бори аввали пули ҷашнии коғазиро ба муомилот баровард. Пештар аз ин танҳо тангаҳои ҷашнӣ ва хотиравӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ нашр мешуд”, - гуфтанд аз БМТ.
Тангаҳо ва пулҳои коғазии ҷашнӣ метавонанд дар қатори дигар воҳиди пулӣ дар гардиш бошанд, аммо танга ва пулҳои хотиравӣ танҳо бо мақсади тӯҳфа ва коллексия истифода мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол аз ба муомилот баромадани воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” 25 сол пур шуд. Он 30-юми октябри соли 2000 ба гардиш бароварда шуд. Он ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон номгузорӣ шудааст. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.
Айни замон дар муомилот пулҳои коғазӣ бо арзиши 1 (як), 3 (се), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 50 (панҷ), 100 (сад), 200 (дусад) ва 500 (панҷсад) сомонӣ, инчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як) дирам, 2 (ду), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 25 (бисту панҷ) ва 50 дирам мавҷуданд.
Ҳамчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як), 3 (се) ва 5 (панҷ) сомонӣ мавҷуданд.
Дар бораи таърихи пули миллии кишвар ва воҳидҳои пулие, ки пеш аз даст ёфтан ба соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар истифода мешуданд, дар матлаби мо бо номи "Аз рубли шӯравӣ то “Сомонӣ”. Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ истифода шудаанд?" хонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста