Раисҷумҳури Тоҷикистон шоми дирӯз, 3-юми ноябр бо як сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Қатар шуд. Ӯ дар доираи ин сафар, дар Нишасти дуюми ҷаҳонӣ дар мавриди рушди иҷтимоӣ ширкат мекунад.
Дар ин нишаст, ки 4 то 6-уми ноябр дар шаҳри Давҳа баргузор мешавад, роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ масъалаҳои аз байн бурдани фақр, таъмини кор шоиста, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устуворро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳадафи асосии нишаст, эҳёи талошҳои ҷаҳонӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2030 мебошад.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар дод, ки пас аз ширкат дар ин нишаст, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои иштирок дар ҷаласаи қолаби “Осиёи Марказӣ – Амрико” ба шаҳри Вашингтон меравад. Ин ҷаласа рӯзи 6-уми ноябр баргузор мегардад.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро барои иштирок дар ин мулоқот даъват карда буд.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти президентони Осиёи Марказӣ ҳам тасдиқ карданд, ки онҳо низ барои ширкат ба ин нишаст ба Вашингтон мераванд.
Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд.
Ин дуввумин нишасти дар қолаби “Осиёи Марказӣ –Амрико” (C5+1) хоҳад буд. Аввалинаш соли 2023 дар Ню Йорк дар ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ бо иштироки Ҷо Байден, раисҷумҳури вақти ИМА ва роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.
Вашингтон таъкид кард, ки ИМА қасд дорад ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад ва 10-солагии платформаи дипломатии C5+1-ро ҷашн хоҳад гирифт.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста