Рӯзи 3-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ректорони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро нав кард.
Хабарнигори “Азия Плюс” кӯшиш кард, аз ректорҳои тозатаъин дар мавриди нақшаҳояшон пурсад.
Нақшаҳои ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе
Файзализода Баҳрулло, ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе гуфт, ки нақшаи асосии ӯ пурра ба рақамикунонии таҳсил нигаронида шудааст.
“Фоизнокии зиёди ихтисосҳои филиали мо дар самти илмҳои дақиқ аст. Аз ин рӯ нияти таъсиси озмоишгоҳи ҳуши маснуиро дорам”, - гуфт ӯ.

Инчунин Файзализода мехоҳад, ки барои ҷорӣ намудани методи интерактивӣ дар ҳамаи синфхонаҳо тахтаҳои ҳушманд ва барои назорати дарс дастгоҳҳои сабти навор ва садоро насб намояд. Ҳамчунин ӯ ҷалби донишҷӯёни хориҷиро ҳадаф гузоштааст.
“Одатан донишҷӯёни мо дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҷриба меомӯзанд. Барои табодули таҷрибаи донишҷӯён нақша дорам ҳамкориро бо филиалҳои донишгоҳ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистону Чин тақвият бахшам”, - мегӯяд Файзализода.
Ёдовар мешавем, ки Файзализода қаблан ба ҳайси мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.
Нақшаҳои ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Абдуалим Аҳтамзода, ректори навтаъини Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа, ки то ин замон мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳрдории Душанбе буд, гуфт, мақсад дорад бо донишгоҳҳои исломии дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ монад, вале дақиқан нагуфт, ки бо кадом донишгоҳҳо.
“Ҳоло намегӯям, ки бо кадом донишгоҳҳо нақшаи ҳамкорӣ дорам. Баъд аз амалӣ шуданаш мегӯям. Ба вазифаи роҳбарӣ тоза таъин шудам, аввал меомӯзам, баъд барои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо пешниҳод омода мекунам”, - гуфт Аҳтамзода.
Ӯ афзуд, ният дорад, ки фанҳои дақиқро дар барномаи таълимӣ бештар намояд.

Ректори нав дар бораи имконият пайдо кардан ё накардани духтарон барои супоридани имтиҳони дохилшавӣ тариқи ММТ ва таҳсили онҳо дар шуъбаҳои рӯзона дар соли таҳсили 2026-27 изҳори бехабарӣ кард.
“Аммо кӯшиш мекунам, ки дар ин боргоҳи илм ҳеҷ кас, новобаста аз ҷинс, аз таълим дур намонад. Ин боргоҳ барои таълиму омӯзиш таъсис шудааст. Дар мувофиқа бо ниҳодҳои марбута, барои духтарон низ механизми таълим ба роҳ монда мешавад”, - мегӯяд Аҳтамзода.
Қаблан ректори собиқи донишкада Нусратулло Зокирзода дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфта буд, ки то ин дам Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба таври расмӣ хатмкунандагонашро барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои берун аз кишвар ирсол накардааст. Ректори навтаъин мегӯяд, ин масъаларо баррасӣ мекунад.
“Илм нуқсон ва талаби он ҳеҷ вақт хатар надорад. Кӯшиш мекунам лаёқати ирсоли донишҷӯёнро дошта бошам. Ман тарафдори ҳамон чизе ҳастам, ки маърифати маънавию ҳуқуқиро боло мебардорад”, -гуфт Аҳтамзода.
Чаро ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хабарнигорро ронд?
Кӯшишҳои хабарнигори “Азия Плюс” барои суҳбат бо Иброҳимзода Илҳомуддин, ректори навтаъини Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бенатиҷа монд. Хабарнигорро ба қавли онҳо “барои номувофиқ будани либос” (барои пӯшидани шими ҷинсу “кроссовки”) аз бинои донишгоҳ берун карданд. Қудратулло Мирзоев, як ходими донишгоҳ гуфт, рӯзноманигорро бо дастури ректори навтаъин аз дохили бино берун карданд.

Аз ин рӯ, мо натавонистем аз нақшаи ректори навтаъини Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон огоҳ шавем ва онро барои ҷомеа пешниҳод кунем.
Дар баробари ин, норӯшан монд, ки хабарнигор бояд бо чӣ либос барои гирифтани мусоҳиба назди ректор ҳозир шавад. Зеро чунин муқаррарот дар ҳеҷ як қонуни кишвар сабт нашуда, ҷорӣ кардани он аз сӯйи ректор ҳам мухолифи қонунҳо, аз ҷумла дар самти датрасӣ ба иттилоъ аст.
Бояд гуфт, ки Иброҳимзода Илҳомуддин қаблан директори Инстититути илмӣ-таҳқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” -и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буд.




“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Барои дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста