Хадамоти байналмилалии харитавии "2GIS" харитаи Душанберо дар шакли 3D омода ва фаъол кардааст, ки дар он метавон суроғаи биноҳо, номи ширкат, масири лозимаро ҷӯстуҷӯ ва пайдо кард.
Ин харита дар Тоҷикистон танҳо барои шаҳри Душанбе фаъол аст. Маълум нест, ки он кай фаъол гашта ва дигар минтақаҳои кишварро кай фаро мегирад.
Бартарияти "2GIS" дар он аст, ки масири лозима бо ишораи суроғаи дақиқ ва акси биноҳо ишора шуда, ба забони тоҷикӣ низ дастрас аст.

Бо пахши суроғаи лозима дар барнома соати корӣ, самти фаъолият, акс ва дигар маълумоти дақиқ пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин, 3D модели биноҳои калидӣ ва нуқтаҳои сайёҳии Душанбе, мисли пайкараи Исмоили Сомонӣ, бинои парлумонва майдони "Истиқлол" тартиб дода шудааст.
Кӯчаву хиёбонҳое, ки бештар тамбашавӣ мушоҳида мешаванд, дар харита ишора шудааст.
Ин харита ҳам дар шакли барномаи телефонӣ ва ҳам веб-саҳифа дастрас аст. Барнома барои боргирӣ дар платформаҳои "App Store" ва "Play Market" дастрас аст. Боргирӣ ва истифодаи барнома барои корбарон ройгон аст.
Дар саҳифаи расмии он маълумоти дақиқ дар бораи барнома пешниҳод шудааст. Забони тоҷикӣ дар бахши интихоби забонҳо “TG” ишора шудааст.
Дар саҳифаи расмии барнома гуфта мешавад, ки айни ҳол ин харита дар бештар аз 1400 шаҳри ИДМ ва Русия фаъол буда, бештар аз 85 млн истифодабаранда дорад.
Ин барнома аввал дар Русия фаъол гашта, ҳоло дар бештари кишварҳои ИДМ истифода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста