ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Дар Боғи Куруши кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2004 – Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 80-солагии пойтахт Амфитеатр ба истифода дода шуд.

Соли 2009 – Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави кишвар” ба имзо расид.

Соли 2017 – Дар шаҳраки Истиқлол (собиқ Табошар) корхонаи металлургии ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ба кор оғоз кард, ки дар кишвар бори аввал сурб истеҳсол намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1909 – Зодрӯзи Клавдия Улуғзода, фолклоршинос ва тарҷумон, ҳамсари Сотим Улуғзода.

Соли 1936 – Мавлуди Абдуҷалил Абдусаломов, генерал-майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III.

Соли 1978 – Комил Ёрматов, ҳунарпеша ва коргардони маъруфи синамои тоҷик дар 75-солагӣ даргузашт.

Комил Ёрматов

Комил Ёрматов аз бунёдгузорони синамои миллии Тоҷикистон буда, оғози таърихи синамои тоҷик бо фаъолияти ӯ сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин коргардони синамои миллист. “Ҳуқуқи бошараф” аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар “Тоҷиккино” мебошад. Филми “Муҳоҷир” барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад.

Фаъолияти минбаъдаи эҷодии ӯ дар киностудияи “Ӯзбекфилм” сурат гирифтааст. Комил Ёрматов барои мустаҳкам гаштани робитаҳои эҷодии кинематографистони Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми босазое гузоштааст.

Дар филмҳое, ки ӯ дар “Ӯзбекфилм” ба навор гирифтааст, адибон ва ҳунармандони тоҷик иштироки фаъолона доштанд, аз ҷумла М.Орифов, М. Қосимов, А. Бурҳонов ва Тӯҳфа Фозилова дар филми “Абуалӣ Ибни Сино”, С.Азаматова ва М. Тоҳирӣ дар филми “Вақте ки гулҳо мешукуфтанд”, Г.Завқибеков дар филми “Тӯфон дар Осиё”, Сайрам Исоева дар филми “Нодирабегим” ва ғайра.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

17-уми ноябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии донишҷӯён ҷашн гирифта мешавад. Таърихи пайдоиши ин рӯз ба воқеаҳои фоҷиабори давраи Ҷанги Дуюми ҷаҳон дар Чехословакия рабт дорад.


Субҳи 17-уми ноябри соли 1939 нерӯҳои фашистӣ ба хобгоҳҳои донишҷӯён ҳамла карданд. Дар як амалиёти калон беш аз 1200 донишҷӯ боздошт ва ба лагери таъқиби Заксенхаузен фиристода шуданд. Нӯҳ донишҷӯ ва роҳбарони ҳаракатҳои донишҷӯён бидуни додгоҳ ба қатл расиданд.

Пас аз ин ҳодисаҳо бо фармони Гитлер ҳамаи донишгоҳҳои Чехословакия то анҷоми ҷанг баста шуданд. Ба хотири ин воқеа соли 1946 Конгресси ҷаҳонии донишҷӯён, ки дар Прага баргузор шуд, 17-уми ноябрро расман ҳамчун Рӯзи байналмилалии донишҷӯён эълон кард.

17-уми ноябри соли 1989, пас аз баргузории намоиши донишҷӯён дар Прага, дар Чехословакия рӯйдодҳое сар заданд, ки бо номи “инқилоби махмалӣ” маърур гардиданд.


Эътирозҳо, ки бо иштироки ҳазорҳо донишҷӯ оғоз шуданд, ба ҳаракати азими мардумӣ мубаддал гаштанд. Ин ҳаракат хусусияти оромона ва бидуни хунрезӣ дошт, вале иқтидори сиёсиро пурра тағйир дод.

Дар натиҷа, парлумон мақоми роҳбарикунандаи Ҳизби коммунистро бекор кард, ҳукумати аввалини ғайрикоммунистӣ таъсис ёфт ва Васлав Ҳавел президенти кишвар интихоб шуд.

“Инқилоби махмалӣ” баъдан ба як рамзи гузариши осоишта аз ҳокимияти тоталитарӣ ба демократия дар Аврупои Шарқӣ табдил ёфт.

17-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи байналмилалии кӯдакони бармаҳал таваллудшуда мебошад. Ин рӯз соли 2009 бо ташаббуси Бунёди аврупоии парастории навзодон таъсис ёфт.


Ҳар сол дар ҷаҳон тақрибан 15 миллион кӯдак пеш аз муҳлат таваллуд мешавад. Тибқи омор, таваллуди бармаҳал яке аз омилҳои асосии фавти кӯдакони навзод дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Ҷолиб аст, ки бархе чеҳраҳои маъруфи таърих, аз ҷумла Наполеон Бонапарт, Исаак Нютон, Алберт Эйнштейн низ бармаҳал ба дунё омада буданд.

17-уми ноябри соли 1869 дар шимолу шарқи Миср маросими кушодани Канали Суэтс баргузор шуд. Ин канал яке аз тарҳҳои муҳими муҳандисӣ ба шумор меравад, ки Баҳри Миёназаминро бо Баҳри Сурх мепайвандад ва роҳи савдои ҷаҳониро хеле кӯтоҳ кард.


Аммо сохтмони канал барои Миср гарон афтод, кишвар ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор шуд ва зери назорати молиявии Фаронса ва Бритониё қарор гирифт. Имрӯз бошад, Канали Суэтс яке аз сарчашмаҳои асосии даромади Миср мебошад ва дар тиҷорати байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

17-уми ноябри соли 2019 дар Чин аввалин ҳолати эҳтимолии сироят ба COVID-19 сабт шудааст. Гарчанде муддати тӯлонӣ гумон мешуд, ки хуруҷи беморӣ аз моҳи декабр оғоз ёфтааст, баъзе таҳқиқотҳо ба паҳншавии барвақти вирус ишора менамоянд.

Аввалин бемор марди 55-солаи вилояти Ҳубэй аст. Дар тӯли як моҳ шумораи беморон тадриҷан афзоиш ёфта, то охири декабр садҳо ҳолати сироят ба қайд гирифта шуд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 13+18º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 13+15º гарм мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.