Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 21 то 24-уми ноябр дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво ғуборолуд шуда, хокбориш рух медиҳад, менависад хабаргузории "Ховар".
Ин ниҳод гуфтааст, ба шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, шаҳри Бохтар, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ-ҷанубии кишвар гарду ғубор ворид мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳолат боиси баланд шудани сатҳи олудагии ҳаво (аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) мегардад, ки ба саломатии бархе сокинон таъсири бад расонад.
Зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд.
Мақомот ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашт дар кӯчаву хиёбонҳо худдорӣ кунанд ва аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд. Ба беморони дилу раг, диабети қанд, диққи нафас маслиҳат додаанд, ки ҳавои хонаро тоза нигоҳ доранд.
Бояд гуфт, ҳавои ҷангу ғуборолуд ва хокборишҳо дар кишвар ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфта, сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд. Коршиносон сабаби инро тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин, бетаваҷҷуҳии мақомот ба унсурҳои пешгирикунандаи ҳавои ифлос, аз ҷумла буридани дарахтону сохтмони зиёди баландошёнаҳо медонанд.
Ддар ҳамин ҳол "Ховар" навиштааст, кит яке аз омилҳои асосии ин ҳолат паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва ҳатто биёбони Сахара мебошад, ки боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад. Ин чангу ғуборе, ки ба ҳаво паҳн мешавад, ба тариқи шамол ба давлати мо ворид мегардад.
"Омили боқӣ мондани хокбориш- ин кам будани намнокии ҳаво, набудани бориши борон ва вазиши сусти шамол мебошад. Агар борон борад ва шамол бо суръати баланд вазад, ҳолати ифлосшавии ҳаво аз байн меравад",- навиштааст манебаъ.
Дар ин ин мақолаи “Азия-Плюс” дар бораи хатари чангу ғубор ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти бештар гиред: Тоҷикистонро хокбориш фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста