Имрӯз, 22-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
Хадамоти матбуотии президенти кишвар менависад, ки дар вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки Гуфта шуд, ки дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бани ду кишвар зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил дод.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад”.
Ҳамчунин, дар воухӯрӣ зикр шудааст, ки ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо имрӯз соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, инчунин энергетика ва кишоварзиро фаро мегиранд.

“Ҳамкории муштараки кишварҳо дар соҳаи амният аз мавзуъҳои алоҳидаи суҳбат буд. Дар ин зимн ба масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти президент.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Чин барои ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос карда, ба афзоиши шумораи квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин дар ихтисосҳои талаботаш дар кишвари зиёд, таъкид кардааст
Ёдовар мешавем, ки Ван И, вазири умури хориҷӣ ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин шоми дирӯз, 21-уми ноябр ба Тоҷикистон омад.
Ба иттилои ВКХ, дар ҷараёни сафари Ван И ба Тоҷикистон якчанд “гуфтушунидҳои расмӣ дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин, мубодилаҳои фарҳангӣ” баррасӣ мешаванд.
Ин сафар дар доираи силсиласафари Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат мегирад. Ба навиштаи ВКХ-и Чин, Ван И бо даъвати вазирони корҳои хориҷии се кишвари Осиёи Марказӣ ба минтақа сафар мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста