Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2025 қариб 60 ҳазор иҷозатномаи кор ё патенти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишваро бекор кард. Дар ин бора Александр, Гребёнкин Шӯрои амнияти ин кишвар дар мусоҳиба бо расонаи "Российская газета" хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, шуруъ аз моҳи январи соли 2024 муҳоҷирон муваззаф шудаанд, ки дар бораи ба кор қабул шудани худ ду моҳ баъд аз гирифтани патент, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилиро огоҳ кунанд. Дар акси ҳол, ба таъкиди вай, иҷозатнома кор (патент) беэътибор дониста шуда, ҳамчун асос барои иқомат дар Русия истифода намешавад.
"Ба вазорат ҳақ дода шудааст, ки дар бораи ихроҷи ҳарчи зудтари чунин муҳоҷирон (онҳое, ки ду моҳ баъд аз гирифтани патент дар бораи ҷои корашон мақомотро огоҳ намекунанд) аз қаламрави Русия тасмим бигирад, маълумоти заруриро ҷамъоварӣ кунад ва аз василаи муосири мониторинги электронӣ истифода кунад", - гуфтааст Гребёнкин.
Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1-уми январи соли 2026 арзиши иҷозатномаи меҳнатӣ барои муҳоҷирон дар чанд минтақаи Русия боло меравад. Аз ҷумла. аз 1-уми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл ба буҷаи ин кишвар 10 ҳазор рубл пардохт мекунанд.
Ҳамчунин, нархи патент дар вилояти Тюмен аз 9 ҳазору 385 ба 11 ҳазору 471 рубл, минтақаи Камчатка аз 9 ҳазор то 13 ҳазору 800 рубл ва дар вилояти Иркутс 12 ҳазор рубл мешавад.
Боз дар кадом шаҳр чӣ қадар нарх баланд мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.
Мақомоти шаҳру вилоятҳои ин кишвар гуфтаанд, ки бо баланд кардани нархи иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ, буҷети вилоятҳо зиёд мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста