Рӯзҳои 8-9-уми декабри соли ҷорӣ дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию- кӯҳии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боришоти борон, барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
"Пас аз боришоти имрӯза, ду ҳафтаи оянда ҳаво қариб хушк мемонад", - навиштааст ин ниҳод.
Дар Душанбе, дар рӯзҳои истироҳат рӯзона ҳарорат то 15 дараҷа гарм мешавад.
То аввали ҳафтаи оянда, ҳарорат якбора боло нахоҳад рафт, танҳо 2-3 дараҷа сардтар хоҳад шуд.
Дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар барф меборад ва сардӣ мефарояд.
Бояд гуфт, тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин гармтар мешавад. Оҷонсӣ мегӯяд, ба сурати умум, ҳарорат дар муқоиса бо соли гузашта гармтар мешавад, бахусус дар водиҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
Ҳарорат дар водиҳо 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.
Аммо қобили зикр аст, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон зимистон хунук мешавад, бо ҳарорати 1 дараҷа поинтар аз меъёр. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ вазъият сангинтар шуда, ҳарорат дар мавзеи Булункӯл метавонад то 23 дараҷа хунук поин равад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста