Ширкатҳои бузурги “Google” ва “Apple” ба садҳо корбари худ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон огаҳӣ фиристодаанд, ки мавриди ҳамлаи сейберӣ ё хакерӣ қарор гирифтаанд, менависад хабаргузории “Ройтерз”.
Ширкати “Google” рӯзи 3-юми декабр хабар дод, ки ҳамла тавассути нармафзори ҷосусии “Intellexa” ба садҳо ҳисоб ё “акаунт” -и корбарон дар Тоҷикистон, Покистон, Қазоқистон, Ангола, Миср, Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст.
“Google” гуфтааст, ки “Intellexa” ширкати ҷосусии сайбериест, ки “маҳдудиятҳоро давр мезанад ва корашро идома медиҳад”.
Ҳамчунин, ширкати “Apple” низ 2-юми декабр ба корбарони худ дар 150 кишвар аз мавҷи нави ҳамлаҳо огоҳӣ фиристодааст. Аммо ҳеҷ гуна маълумоти иловагӣ дар бораи ҳамла ва шумораи корбарони мавриди ҳамла қароргирифта пешниҳод накардааст.
Intellexa - ширкати хусусиест, ки ба таҳияи нармафзорҳои ҷосусӣ машғул мебошад. Он соли 2019 аз ҷониби афсари собиқи истихбороти ҳарбии Исроил, Тал Дилиан таъсис ёфтааст. Ширкати мазкурро системае бо номи “Predator” бештар муаррифӣ кард, ки онро сохторҳои давлатӣ барои рахнаи ноаёни смартфонҳо истифода мебаранд, шарҳ медиҳад хабаргузории "Фарғона".
Насби системаи “Predator”, аз ҷумла тавассути рекламаҳои онлайнӣ ба ҳамлагарон имкони назорати пурраи дастгоҳи қурбониёнро медиҳад. Он имкон медиҳад, ки бидуни огоҳии соҳиби дастгоҳ ба паёмрасонҳои рамзгузоришуда, мисли “Signal” ва “WhatsApp” дастрасӣ пайдо шавад, камера ва микрофон истифода гардад, маҳалли ҷойгиршавӣ пайгирӣ ва рамзҳо ба даст оварда шаванд.
Тибқи маълумотҳои ифшошуда, кормандони “Intellexa” метавонанд ба системаҳои муштариёни худ ва ба маълумоти ҷамъовардаи онҳо дастрасии фосилавӣ дошта бошанд.
Соли 2024 ИМА алайҳи “Intellexa” таҳримҳо ҷорӣ карда, ширкатро дар истифодаи технологияи худ бар зидди мансабдорони амрикоӣ ва рӯзноманигорон муттаҳам карда буд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ иддао мекунанд, ки таҳияҳои “Intellexa” барои пайгирии мухолифон ва фаъолон дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Миср истифода шудаанд. Бо мақсади давр задани маҳдудиятҳо, ширкат дар кишварҳои гуногун шабакаи мураккаби сохторҳои ҳуқуқиро ба роҳ мемонад.
Коршиносон ба корбарон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми гузаштан ба истинодҳои ношинос, боргирии файлҳо ва ҳангоми кушодани рекламаҳои онлайнӣ аз манбаъҳои ношинос эҳтиёткор бошанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста