ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев "Консерти дӯстӣ" доир мегардад. Дар он Мардон Мавлонов, Отабек Абдуллоев, Асадулло Атоуллоев, Эркин Кайтаров ва Озода Аҳмадова, щунармандони +збекистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 100 то 200 сомонӣ аст.


– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Он то рӯзи 13-уми декабр идома мекунад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи геологҳо таҷлил мешавад. Он аз соли 2011 инҷониб ҳамасола ҳамчун иди касбии кормандони ин соҳа ҷашн гирифта шуда,

Тоҷикистон имрӯз тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ ва баъзе намудҳои сангҳои қиматбаҳо истеҳсол мекунад.

Соли 1923 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи адабии "Звезда" ("Ситора") таъсис ёфт.

Соли 1948 – Ассамблеяи Генералии СММ қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ (генотсид)-ро ҷиноят арзёбӣ кард.

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 2004 – Қисмати Помирии сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Русия ба сарҳадбонони Тоҷикистон супорида шуд. 

Соли 2004 – Дар шаҳри Маскав раҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров боздошт ва баъдан ба 23 соли зиндон маҳкум гардид. 

Соли 2009 – Дар шаҳри Турсунзода як амали террористӣ пешгирӣ карда шуд, ки ҳадафи он куштори раиси шаҳр буд. 

оли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи геологияи Тоҷикистонро пас аз бозсозӣ ифтитоҳ кард.

Соли 2015 – Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро қабул намуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.


Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соҳиби Унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардид.

Соли 2019 – Раҳматилло Зоиров, раиси вацти ҲСДТ аз президент даъват кард, ки барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ, гарави интихоботиро бекор кунад. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1918 – Зодрӯзи Ибодулло Абдуллоев, дирижёри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Ибодулло Абдуллоев дирижёри маъруф ва аз пешсафони рушди опера ва балет дар кишвар дониста мешавад. Ӯ тамоми фаъолияти эҷодии худро ба такмил ва рушди санъати мусиқӣ бахшидааст.

Абдуллоев таҳсилоти мусиқии худро аз интернати махсус оғоз карда, сипас дар Омӯзишгоҳи мусиқии Хуҷанд ва Омӯзишгоҳи назди Консерваторияи давлатии Маскав идома додааст. Ӯ муддате дар оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик чун навозанда кор карда, аз соли 1950 фаъолияти худро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз намудааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дирижёр ва аз соли 1970 роҳбари бадеӣ ва саркоргардони театр буд.

Абдуллоев аз нахустин таҳиягарони опера ва балетҳои тоҷикист. “Пӯлод ва Гулрӯ”, “Армуғони пурарзиш”, “Комде ва Мадан”, “Шӯриши Восеъ”, “Шерак”, “Сарбозони халқ”, балетҳои “Дилбар”, “Лола”, “Писари Ватан” ва дигар асарҳои миллӣ маҳз бо дирижёрӣ ва таҳияи мусиқии ӯ ба саҳна роҳ ёфтаанд.

Ибодулло Абдуллоев соли 2007 дар 89-солагӣ даргузашт.

Соли 1926 – Мавлуди Рамзия Баккал, раққоса, устоди санъати рақси балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Рамзия Баккал

Рамзия Баккал яке аз симоҳои санъати рақси тоҷик буда, ҳаёти худро пурра ба хореография бахшидааст.

Фаъолияти ӯ соли 1947 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод оғоз ёфта, қариб 50 сол ҳамчун раққоси балет дар ҳамин театр кор кардааст.

Нақши Рамзия Баккал дар рушди хореографияи тоҷик назаррас аст. Сюитаи чорқисмаи “Зарбҳои диёри офтобӣ” ва рақсҳои мондагори “Ҷигарпора”, “Занг”, “Нағорабазм”, “Танавор” аз беҳтарин намунаҳои эҷодиёти ӯ мебошанд. Вай инчунин дар намоишнгомаҳои маъруф, аз ҷумла “Оршин мол-олон”, “Дилором”, “Рамояна”, “Фаввораи Боғчасарой” рақс иҷро кардааст.

Рамзия Баккал 7-уми апрели соли 2021 дар синни 94 даргузашт.

Соли 1926 – Зодрӯзи Хушбахт Хушвақтов, Рассоми халқии Тоҷикистон.


Хушбахт Хушвақтов яке аз маъруфтарин наққошони тоҷик дар жанри манзаранигорӣ ба шумор мерафт. Ӯ  баъди хатми омӯзишгоҳи рассомӣ дар Душанбе, соли 1960 донишкадаи наққошии ба номи Сурикови Маскавро хатм кардааст. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон,  давоми 20 сол – то соли 1982 дар мақоми раҳбари Иттифоқи рассомони Тоҷикистон кор кардааст.

Ба таъкиди мунаққидон, Хушвақт Хушвақтов беҳтарин манзаранигори муҳити Бадахшон буд ва нахустин шуда рангу бӯи ин минтақаи дурдасти кӯҳиро барои тамоми сокинони Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.

Баъзе аз корҳои ӯ ба мавзуъҳои мушаххас бахшида шудаанд. Масалан, “Осиёби кӯҳна” дар бораи сахтиҳои зиндагии бадахшониён дар солҳои қабл аз Шӯравӣ нақл мекунад.

Баъди тарки Тоҷикистон дар соли 1989 вай дар Маскав солиёни зиёд устоди кафедраи манзаранигории Академияи наққошии Иля Глазунов будааст.

Хушвақтов соли 2013 дар синни 87 даргузашт.

Соли 1939 – Зодрӯзи Талъат Нуруллохоҷаев, пизишки шикастубанд (ортопед), муддате раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон.

Талъат Нуруллохоҷаев яке аз пизишкони маъруфи ортопедии Тоҷикистон буд. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намуда, тӯли фаъолиятш аз ординаторӣ то мудирии кафедраи осебшиносии ортопедӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ кор карда, дар тарбияи даҳҳо мутахассис саҳм гузоштааст. Солҳои 1977–1979 ҳамчун ходими илмӣ дар Маскав фаъолият намуда, аз соли 1990 раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон буд.

Ӯ дар мавзӯи табобати ортопедии оқибатҳои сӯхтагии кафи по рисолаи номзадӣ дифоъ карда, муаллифи тақрибан 100 асари илмӣ мебошад. Солҳои 1992–2002 дар муассисаҳои тиббии кишварҳои араб низ хизмат кардааст.

Нуруллохоҷаев 21-уми майи соли 2011 дар синни 71 даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Ашӯрмаҳмад Ғуломов, ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1957 –  Зодрӯзи Бӯрӣ Каримов, сиёсатмадор ва яке аз чеҳраҳои сиёсии солҳои 90-ум.


Бӯрӣ Каримов яке аз чеҳраҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Ӯ дар охири  Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони ҷанги шаҳрвандӣ аз мақоми вазири сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилии Тоҷикистон (1987-89) то ноиби раиси Шӯрои вазирон - раиси ниҳоди нақшакашии давлатии (Госплан)-и Тоҷикистон (1989-90) кор кардааст. Дертар аз Тоҷикистон кӯч баст ва ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунад.

Имрӯз ӯ директори иҷроияи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, муҳаррири маҷаллаи “Роҳҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил” мебошад.

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мактаби хусусии “Дӯстии халқҳо” расман ифтитоҳ гардида, ба номи Бӯрӣ Каримов гузошта шуд.

Соли 1966 – Мавлуди Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Ҷамолиддин Абдуллозода

Ҷамолиддин Абдуллозода соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти худро аз беморхонаи клиникии шаҳрии №5 оғоз намуд. Солҳои 1990–1991 ҳамчун табиби ҷарроҳ дар Беморхонаи шаҳрии №7 ва аз соли 1992 то 1998 ҳамчун ординатори ҷарроҳӣ кор кардааст.

Абдуллозода аз соли 1998 мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ ва солҳои 2008–2014 сардухтури Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 буд. Соли 2014 сардухтури Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилии Душанбе ва соли 2017 директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” таъин гардидааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода 5-уми майи соли 2020 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардид ва то имрӯз дар ин мансаб фаъолият мекунад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия аст, ки аз замони тасвиби Конвенсияи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид бар зидди фасод дар таърихи 31 октябри соли 2003 ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.


Рӯзи 9 декабри соли 1968 рӯзи ихтирои муши компютерӣ ҳисобида мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз Дуглас Энгелбарт, ихтироъкори амрикоӣ аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Стэнфорд дар конфронси абзори рақамӣ дар Сан-Франсиско аввалин муши компютериро дар ҷаҳон муаррифӣ кард.


9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ҷинояти наслкушӣ, арҷгузори онҳо ва пешгирии ин ҷиноят таҷлил карда мешавад. Дар ин бора соли 2015 Маҷмааи Умумии СММ қатънома қабул кард. Интихоби ин сана ба тасдиқи Маҷмааи Умумӣ Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти наслкушӣ ва ҷазо барои он дар соли 1948 рабт дорад.


Дар Конвенсия амалҳое, ки бо нияти пурра ё қисман нобуд сохтани гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ анҷом дода мешаванд,  наслкушӣ таъриф дода шудаанд. Ҳамзамон таъкид мегардад, ки новобаста аз он ки ин амал дар замони сулҳ ё ҷанг рух медиҳад, он ҷинояти мухолифи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалист ва давлатҳои узви Конвенсия уҳдадоранд барои пешгирӣ ва ҷазодиҳии он чораҳои зарурӣ андешанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон ва барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ ва шарқии вилоят барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 23-25º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.