Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ду рӯз пеш дар Русия кушта шуд, дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд. Ӯ дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи бадбинии миллӣ кушта шуд.
Қарор буд, Қобилҷон дирӯз бо пои худ ба ватан ояд, вале субҳи имрӯз ҷасади ӯро ба деҳа оварданд.
Бо вуҷуди сардии ҳаво ва боридани борон садҳо тан аз гӯшаву канори кишвар барои иштирок дар ҷанозаи ин кӯдаки ғурамарг омаданд. Ҷаноза зери тадбирҳои амниятӣ гузашт ва рӯзноманигоронро нагузоштанд, ки озод аксу навор гиранд.
Бештар дар навори мо бинед:
Модараш дар ҳоле, ки барои фарзанди кушташудааш талх мегирист, аз мардум хост ба хона дароянд, писарашро бинанд ва барояш дуо кунанд.
Дар ҷанозаи Қобилҷон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии кишвар низ ҳузур дошт ва дар суханронии худ ин кушторро “нангин ва даҳшатнок” хонд.
Баъди ба хок супоридани Қобилҷон ҳам мардум гурӯҳ-гурӯҳ барои ҳамдардӣ меомаданд. Вале баҳси куштори ин кӯдаки тоҷик дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз аз рӯз бештар мешавад. Ҷомеа на танҳо муҷозоти қотили Қобилҷонро мехоҳад, балки ба ташхису маҳкум кардани омили аслии ин ҷинояти мудҳиш - миллатгароӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия таъкид мекунад.
Шоми имрӯз, 18-уми декабр хабар расид, ки додгоҳ шаҳрванди 15-солаи Русияро, ки ба куштори Қобилҷон Алиев муттаҳам аст, 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста