Бори аввал ва ба муносибати Соли нав филми ҳунарии “Дов” манзури сокинони Тоҷикистон мегардад. Сокинони кишвар метавонед ин филмро аз 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” тамошо кунанд.
Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки он соати 18:00-и рӯзи 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” дастраси ҳама бинандагон хоҳад шуд.
“Филми “Дов” пас аз сайри ҷаҳон акнун бори аввал дастраси ҳамаи ҳаводорони синамо мешавад. Қаблан, бинандагон онро танҳо дар толорҳои синамоӣ медиданд. Акнун метавонанд онро дар хонаву коргоҳ ё ҷои дигар нишаста дар экрани телевизор, компютер ё телефониҳои худ бинанд”, - гуфт коргардон.
Филми ҳунарии “Дов” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои апрел-майи соли 2021 дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара наворбардорӣ шудааст.
Филм дар бораи ду рафиқ - Қаҳҳор (Абдумуъмин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд.
Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале барои пушаймонӣ дер шуда буд...
Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябри соли 2023 дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд. Баъд аз ин, “Дов” тӯли 2 сол дар чандин кишварҳои ҷаҳон намоиш дода шуд.
Давоми 2 сол ин филми тоҷикӣ дар 33 ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт ва аз он 27 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овард. Аз ҷумла, 4 ҷоизаи байналмилалии “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард, ки ҷоизаи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз муваффақияти филми “Дов”, коргардони он моҳи ноябри соли 2023 коргоҳи филмбардории “Довфилм”-ро таъсис дод.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста