“Ба иҷора” додани кортҳои бонкӣ ҳарчӣ бештар ба як роҳ ва василаи ҷиноятҳои ҷиддии молиявӣ табдил меёбад. Бонкҳои Тоҷикистон фаъолона ба ошкор ва пешгирии истифодаи кортҳо аз ҷониби шахсони бегона оғоз кардаанд. Яке аз иқдомҳои муҳимро дар ин самт Душанбе Сити Бонк роҳандозӣ карда, ба назорати қатъӣ ва пешгирии роҳу воситаҳои аз ҷониби касони дигар истифода шудани кортҳо (дропперӣ) оғоз бахшид.
Дропперӣ ё худ истифодаи кортҳо аз ҷониби касони дигар чист?
Солҳои охир калимаи “дропперӣ” ҳарчӣ бештар садо медиҳад. Дропперӣ ин вақте шахс ба ивази пул корти бонкӣ, суратҳисоб ё дастрасӣ ба онҳоро ба ихтиёри касони дигар вогузор мекунад. Корт расман ба номи як кас сабт шуда, амалан аз сӯйи каси дигар барои интиқол, нақд кардани пул ва нодида гирифтани назорати бонкӣ истифода мешавад. Чунин роҳу воситаҳо маъмулан ба қаллобӣ ва амалиёти пасипардагӣ рабт доранд. Аммо дар аксар ҳолат онҳое, ки ба ин кор даст мезананд ё аз дропперӣ истифода мекунанд, иштибоҳан бар ин назаранд, ки ба ягон кори ҷиддӣ даст назадаанд ва пайомадҳои эҳтимолии онро намефаҳманд.
Мубориза бо фиреб
Душанбе Сити Бонк яке аз аввалинҳо шуда ба пешгирии дастрасӣ ба корт ва суратҳисобҳои дропперӣ оғоз намуда, ба назорат аз болои амалиёти шубҳанок тақвият бахшид ва дастрасӣ ба роҳу воситаҳоеро, ки мувофиқи таъинот истифода намешаванд, маҳдуд кард.
Донистан муҳим аст, ки дропперон шахсони тасодуфӣ набуда, иштирокчиёни занҷираҳои амалиёти ғайриқонунии молиявӣ мебошанд. Ҳатто агар шахс созмондиҳандаи ин амал набошад ҳам, барои додани корти худ ҷиҳати анҷом додани амалиёти шубҳанок бори масъулият дорад. Дар аксари кишварҳо ин амал кайҳост, ки ҷиноят шуморида мешавад.
Дар Русия барои дропперӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Аз тобистони соли 2025 ҷавобгарӣ сангинтар шуд: барои ба ихтиёри каси дигар додани корт ё суратҳисоб пардохти то 300 ҳазор рубл ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то се сол таҳдид мекунад. Барои харидани корт бо мақсади ба ихтиёри касони дигар додан бошад, то 1 млн рубл ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то шаш сол ва дар ҳоллатҳои ҷудогона - то ҳафт сол пешбинӣ шудааст.
Низоми бонкии Тоҷикистон ба шароитҳои нави иқтисодӣ мутобиқ шуда, назоратро тақвият медиҳад ва баҳри мубориза бо роҳу воситаҳои пасипардагӣ омодагӣ зоҳир мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста