Шоми дурахшон, роҳрави сурх, ситораҳои эстрадаи тоҷик ва туҳфаҳое, ки касеро бетараф нагузошт. Дар Душанбе рӯйдоди мусиқавии сол аз Гурӯҳи расонаҳои “Азия--Плюс” ва "IM Goup" – "Tarona Music Award-2025" баргузор шуд.
Дар саҳнаи Филармонияи давлатӣ беҳтарин сарояндаҳои кишвар ҷамъ омаданд – онҳое, ки тӯли сол дар эфири радио садо доданд ва муҳаббати мардумро соҳиб шуданд.
Имсол ҳамагӣ 19 сароянда соҳиби ҷоиза шуданд: Зулайхо Маҳмадшоева, Нигина Амонқулова, Нозияи Кароматулло, Меҳринигори Рустам, Сафармуҳаммад, Умедҷони Бурҳон, Рустам Азимӣ, Фотима Машрабова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Ҷаҳонгир Зарипов, Афзалшоҳ Сафарзода, Ҷамшед Исмоилов, Нилуфари Сарбоз, Сая Муса ва панҷгонаи орзуҳо, ки таронаашон «Ман тоҷикам» имсол ба як хити воқеии мардумӣ табдил ёфт: Сироҷиддин Фозилов, Ҷонибек Муродов, Валиҷон Азизов, Мубориз Усмонов, Фаррух Ҳасанов.
Маросим чӣ тавр гузашт? Дар гузориши махсуси навбатдори мо бубинед.
"Tarona Music Award-2025" ба шарофати шарикони мо дар сатҳи болотарин гузашт:
Шарики кулл — IM Group;
Шарики расмӣ — “Васл Бонк”;
Шарики рақамӣ — Tcell;
Шарики дигар — “Имон Интернешнл”.
Мағозаи гулҳо “Гули анор” барои ҳунармандон дастагулҳои хоса омода намуд, NICE бошад ҳамаро бо нӯшокиҳои болаззат ва ройгон меҳмондорӣ кард.
Намоиши нурии беназирро ширкати “Нурафкан” ташкил кард, бехатариро бошад оҷонсии муҳофизатии “Барс” таъмин намуд.
Ин шом саршор аз муҳаббат, мусиқӣ ва эҳсосоти самимӣ буд. Як рӯйдоди дурахшоне, ки соли равонро ҷамъбаст мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста