Шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат ба истиқболи Соли нави 2026 омода мешавад. Дар маркази диққат арчаи солинавӣ қарор дорад, ки дар майдони Истиқлоли пойтахт қомат афрохтааст.
Ин арчаи азим бо баландии 30 метр на танҳо бо андозааш таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад, балки бо ороиши худ - чароғҳои рангоранг ва бозичаҳои зебои солинавӣ чашмҳоро мебарад.
Атрофи арча ба як шаҳраки афсонавии солинавӣ табдил ёфтааст. Дарвозаҳои рамзӣ бо навиштаҷоти "2026" ба меҳмонон хушомад мегӯянд. Манзараи идона бо аркҳои рангоранг, арчаҳои хурди сабз, одамчаҳои барфии табассумкунанда ва хонаи пуррамзу рози бобои барфӣ пурра мегардад.
Волидон бо дурбинҳои телефон лаҳзаҳои хотирмонро сабт мекунанд. Ҷавонон дар назди ороишоти идона акс мебардоранд. Дар ин фазои идона калонсолон низ зиёданд ва табассум ба ин зебоӣ менигаранд.
Бояд гуфт, ки дар моварои соли нави 2026 дар 4 ноҳияи Душанбе арчаҳои солинавӣ ниҳода шудаанд. Аз ҷумла, дар назди биноҳои Театри опера ва балет ҳар шом садҳо тан атрофи арчаро пур мекунанд.
Дар назди бинои Сирки давлатӣ ҳам арчаи зебо бо чароғҳои рангоранг ва бозичаҳои зебои солинавӣ қомат афрохтааст.
Паҳлӯи бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам макони солинавӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл арчаи асосии солинавии Душанбе дар майдони Дӯстӣ – канори муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешуд, чанд сол инҷониб ин арча дар майдони Истиқлол қомат меафрӯзад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста