Дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ, яъне аз 30-юми декабри соли 2025 то 1-уми январи соли 2026, сокинони Тоҷикистон пурра барқ хоҳанд гирифт. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сардори маркази матбуоти ҶСК "Барқи Тоҷик" ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, барои таъмини бемаҳдудияти сокинони кишвар бо барқ дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нав ба ниҳодҳои масъул дастур дода шудааст.
Аммо, ба иттилои сухангӯи “Барқи Тоҷик” пас аз таҷлили Соли нав, яъне аз 2-юми январ боз реҷаи маҳдудият ё “лимит”-и барқ барқарор мешавад, аммо он шадид нахоҳад буд.
“Шурӯъ аз соли нав дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар дигар барқ қатъ намешаванд ва сокинони он бидуни маҳдудият бо барқ таъмин хоҳанд буд”, - зикр кард Қурбон Аҳмадзода.

То ин лаҳза ба сокинони кишвар бо маҳдудият, махсусан ба аҳолии манотиқ барои муддате бо маҳдудияти шадид барқ дода мешуд. Ҳатто сокинони марказҳои шаҳру навоҳии манотиқи кишвар ҳам аз маҳдудияти шадиди барқ шикоят доштанд.
Он замон масъулини таъмини барқ дар Тоҷикистон маҳдудияти шадиди барқро ба резиши ками об ба обанбори НБО Норак, бузургтарин нерӯгоҳи тавлидкунандаи барқи кишвар рабт дода буданд.
Пас аз бориши барфу борон, вазъ як каме беҳтар шуд, аммо маҳдудияти барқ ҳамоно боқӣ мондааст.
Ҳоло ҳам аксари сокинони Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва ба қавли мардум, дар бештари минтақаҳо дар як шабонарӯз танҳо 6-7 соат барқ таъмин аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста