Нархи сафари Ҳаҷҷи фарзӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст. Соли 2025 арзиши сафар барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ 56 ҳазору 800 сомонӣ буд.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки маблағи сафари ҳаҷ ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
“Арзиши хидматрасониҳои сафар ба "Ҳаҷ - 2026" 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд. Ин нархнома моҳи декабри соли гузашта тасдиқ шуд ва аллакай довталабон маблағи худро супоридаанд”, - изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, “тибқи талаботи ҷониби Арабистони Саудӣ ҳамаи кишварҳои мусулмоннишин қабули ҳуҷҷатҳо дар мавсими "Ҳаҷ - 2026"-ро барвақттар оғоз кардаанд. Дар Тоҷикистон ҳам як моҳи охир зоирон ҳуҷҷатҳои худро супорида, маблағҳоро пардохт карданд. Қабули ҳуҷҷатҳо тамом шудааст ва зоирон ба сафари ҳаҷ омодагӣ мебинанд”.
Сафари зоирон ба Арабистони Саудӣ тақрибан дар моҳи майи соли равон сурат мегирад.
Афшини Муқим гуфт, ки Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ҷиҳати интихоби роҳбаладон барои мавсими Ҳаҷ-2026 озмун эълон кардааст. Барои роҳбаладон талаботи зерин муайян шудааст:
- огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ;
- доштани малака ва маҳорати хуби ташкилотчигиву муошират бо зоирин;
- донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират.
Ба гуфтаи ӯ, дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2026" шаҳрвандони то 60-сола иштирок карда метавонанд. Бартарият ба нафароне дода мешавад, ки камтар аз 3 маротиба ба ҳайси роҳбалад ва ё зоир ба ҳаҷ сафар кардаанд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 20-уми январ ба ин ниҳод пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш дорад, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.
Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста