Аз аввали моҳи март Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводид (виза)-ро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар бекор мекунанд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин тасмим дар асоси қарорҳои ҳукуматҳои ду кишвар ва созишномаи дуҷониба гирифта шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, акнун ронандагон ва ёвари ронандаи мошинҳои боркашонии байналмилалӣ, ки дорои шиносномаи оддии Тоҷикистон ва Эрон ҳастанд, метавонанд бидуни раводид тариқи тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба қаламрави якдигар ворид шаванд. Ронандагони тоҷику эронӣ то 30 рӯз дар ҳар давраи 90-рӯза (яъне дар се моҳ 30 рӯз) бидуни гирифтани раводид дар қаламрави кишварҳои якдигар метавонанд иқомат кунанд.
“Ин тадбир ба осон шудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани фоидаоварии логистика миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард”, - гуфтанд аз ВКХ-и кишвар ба “Азия-Плюс”.
Бояд гуфт, ки лағви раводид тавассути роҳҳои заминӣ миёни Тоҷикистону Эрон моҳи апрели соли 2025 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон баррасӣ шуда шуд.
Он замон расонаҳои эронӣ аз забони Искандар Муъминӣ навишта буданд, ки “тасмим гирифта шуд, ки дар қадами баъдӣ бо лағви раводид барои сафарҳои заминӣ шароити бароҳати сафар барои шаҳрвандони ду кишвар фароҳам шавад”.
Қаблан, дар соли 2025 Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ҳарду кишварро пурра лағв карда буданд.
Мувофиқи он шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, тариқи ҳавоӣ бидуни монеа ба кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯз дар давоми 90 рӯз сафар кунанд. Вале вуруди шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар тавассути роҳҳои заминӣ то ҳол бо раводид сурат мегирад.
Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста