Рӯзи 31-уми январ дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад. Ҷашнвора соати 9:00-и субҳ оғоз мешавад.
Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд дар ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд.
Инчунин, ба гуфтаи манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол ва барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.
Соли гузашта ҷашни Сада рӯзи 1-уми феврал бо ширкати кишоварзон, ҳунармандон ва асалпарварон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон таҷлил гардида буд.
Дар намоишгоҳ дастранҷи марди деҳқон, техникаи кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоиш-фурғши маҳсулоти гуногун боздид ва харидорӣ карданд.
Сада ҷашни қадимиву суннатии мардуми тоҷик буда, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад.
Олимон мегӯянд, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Сада дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2017 ҳамасола охири моҳи январ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста