Ба ҷои Абдуқаҳҳор Азизов, додситони барканоршудаи шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша дар тарабхонаи “Парламент” то ҳоле касе ба ин вазифа таъин нашудааст. Дар ин бора Далер Маҳмадализода, муовини додситонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ дар робита ба барканории Абдуқаҳҳор Азизов ҷузъиёти дигар надод ва ҳам нагуфт, ки то куҷо барканории ин додситон ба муноқиша дар “Парламент” рабт дорад.
Дирӯз, 19-уми январ, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки “пас аз нашри гузориш дар бораи занозании додситони шаҳри Бӯстон бо молики як тарабхона дар шаҳри Хуҷанд, бо фармони додситони кулл, Абдуқаҳҳор Азизов, додситони ин шаҳр аз вазифа сабукдӯш ва ҳамин тариқ, аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шудааст”.

Мақомот ва ҳарду ҷониби қазия ҳам ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд. Ҳамин тариқ, Додситонии кул ҳам расман барканории Азизовро тадсиқ ё рад накардааст.
Ин расона навишт, ки дар пайванд ба ин қазия, “ҳоло як ҷияни ноболиғи Парвиз Ашӯров дар боздошт аст”.
Роҳбарияти тарабхонаи “Парламент”, ки дар дохили меҳмонхонаи ҳамноми он ҷойгир аст, ҳозир нашуданд, қазияро ба “Азия-Плюс” шарҳ диҳанд. Субҳи имрӯз, 20-уми январ, хабарнигори мо ба ҷойи ҳодиса рафт, вале нигаҳбон гуфт, "роҳбарият пас аз Соли нав ба кор ҳозир нашудаанд ва бо ВАО ҳам сӯҳбат намекунанд”.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ, кашокаш миёни Абдуқаҳҳор Азизов ва Парвиз Ашӯров молики “Парламент” охири моҳи декабр сар задааст. Муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон, ки бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур доштааст, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст. Дар ҷавоб гӯё Парвиз Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд.
“Барои ҷудо кардани ду тараф як корманди милиса, ки дар тарабхона будааст, ба ҳаво тир андохтааст. Гуфта мешавад, барои баррасии ҳодиса кормандони милиса низ ба онҷо рафтаанд”, - навиштааст ин расона.
Ба навиштаи манбаъ, Абдуқаҳҳор Азизов, писари Абдуҷаббор Азизов ёвари собиқи президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Парвиз Ашӯров домоди собиқи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст.
Занозанӣ бо иштироки фарзандон ва ё наздикони мансабдорон дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам сабт шудааст. Аз ҷумла, занозанӣ бо ширкати писарони Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика чанд маротиба расонаӣ шуда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста