Ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон* дар Афғонистон, боиси касод шудани бозори чормағзи заминӣ (арахис)-и кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ шудааст. Ин нуктаро Аъзам Ализода, раиси ин ноҳия рӯзи 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Ба иттилои ӯ, то омадани “Толибон” ба сари қудрат, 20-30%-и чормағзи заминии ин ноҳия ба Афғонистон ва ё тариқи ин кишвар ба Эрон содир мешуд, вале баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ “ин чиз пурра аз байн рафт ва ба мо зарар расонд”.
“Ҳоло ҳосили чормағзи ду солаи мардум дар анборашон истодааст. Чун 8 то 12 ҳазор тонна ҳосили чормағзи заминӣ, ки кишварзони ноҳия ба даст меоранд, пурра дар бозори дохила истеъмол карда наметавонем (талабот надорад, шаҳри аз идора). Барои ҳалли мушкили пешомада бо соҳибкорони ноҳия ҳамкорӣ дорем ва аллакай аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҳар ҳафта 20-30 тонна чормағзи заминиро бурда истодаанд, вале ин кифоя нест”, - афзуд Ализода.
Ӯ илова кард, ки Русия, ки соли гузашта воридоти чормағзи заминӣ аз Тоҷикистонро манъ карда буд ва имсол иҷозат дод.
“Ҳоло соҳибкорон аз шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуроҷ барои содироти чормағз ба Русия аз Мастчоҳ онро харидорӣ мекунанд”, - изҳор дошт раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Ӯ гуфт, соли 2025 дар Мастчоҳ 8 ҳазору 600 тонна чормағи заминӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ кам аст. Сабаби кам кишт шудани он камбуди харидор ва танг шудани бозори ин навъи маҳсулот будааст.
Чормағзи заминӣ (арахис) маҳсулоти равғандор ва истеҳсолӣ мебошад, ки донааш дорои миқдори зиёди равған ва сафеда аст ва дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати равған истифода мешавад.
Ноҳияи Мастчоҳ яке аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба иттилои расмӣ, зиёда аз 90 % аз истеҳсоли чормағзи заминӣ дар вилояти Суғд ба Мастчоҳ рост меояд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста