Ҳабибулло Назарзода, раҳбари Оҷонсии ҳавонавардии кишвар инҳисор ё “монополия”-и як ширкат дар фурӯши маводи сӯхти ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистонро рад карда гуфт, ки соли равон ба се ширкати дигар иҷозаи воридоту фурӯши ин навъи сӯзишворӣ додаанд.

То кунун сӯхти ҳавонавардиро дар Тоҷикистон танҳо як ширкат - ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” таъмин мекард.

Раҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ, имрӯз, 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло бо шумули се ширкати нав шумораи ширкатҳое, ки ба воридот ва фурӯши маводи сӯхти ҳавопаймоҳо машғуланд ба 4 адад расонида шудааст. 

Ӯ номи ин ширкатҳоро нагуфт ва танҳо зикр кард, ки “ҳоло корҳои таъмирӣ дар яке аз ин ширкатҳои сӯзишворӣ дар дохили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе идома дорад”.

Раиси Оҷонсии ҳавонавардӣ дар вокуниш ба шикояти Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, ки аз қиммат будани нархи сӯзишворӣ дар Фурудгоҳи Душанбе нигаронӣ карда буд, гуфт, ки як ҳафтаи охир нархи маводи сӯхти ҳавопаймо то 18% поин бурда шудааст.

“Як ҳафта пеш нархи сӯзишворӣ аз $2100 ба $1780 поин бурда шуд”, - гуфт ӯ.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон ҳанӯз охири моҳи августи соли гузашта дар муроҷиати худ гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии “Туркиш-Эйрлайнз” барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Душанбе 1780 доллар пардохт мекунад. Ӯ нархи сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанберо гаронтарин дар ҷаҳон хонда буд.

 

“Нархи билетҳои ҳавопаймоӣ арзон шуд”

Тибқи иттилои Ҳабибулло Назарзода, соли гузашта нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон 25–30% арзон шудааст.

Ӯ гуфт, ки коҳиши нархи билет ба далели ироаи 40% тахфифи фурудгоҳҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, инчунин, афзоиши шумораи парвозҳо дар доираи сиёсати “Осмони боз” имконпазир шудааст.

Акси марбут
Акс аз РИА Новости

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон оиди дар фаслҳои баҳору тирамоҳ боло бурдани нархи билет ба Русия гуфт, ки “дар ин самт низ то 15-20% дар нархҳо тахфиф гузошта шудааст”

“Дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар шуъбаи назорат ва сифат таъсис дода шудааст, ки самти чиптафурӯширо назорат бурда, ба муроҷиати муосфирон оиди нархи билет расидагӣ мекунад. Дар ҳолати беасос боло бурдани нархи билет иҷозатномаи ҳамон нуқтаи фурӯши билет бекор карда мешавад”,-гуфт Назарзода.

Ӯ ба таври мисол гуфт, ки нархи билет дар масири Душанбе-Санкт-Петербург аз 2300 ба 1700 сомонӣ ва дар масири Душанбе-Маскав аз 2850 ба 1345 сомонӣ поин карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳамасола муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд аз баланд будани нархи билет ба шаҳрҳои ин кишвар нигаронӣ мекунанд. Мақомот боло будани нархи билетро ба “қиммати сӯзишвории ҳавопаймо” рабт медоданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.