Дар ҷои бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе, маъруф ба “Зелёний бозор”, ки ҳудуди 8 соли пеш тахриб шудаву то ҳол дар замини он ягон иншоот бунёд нагардидааст, Маркази тиҷоратӣ ва савдо бунёд мешавад.
Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 29-уми январ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки дар ин бора қарори шаҳрдори Душанбе ба тасвиб расида, “ҳоло корҳои лоиҳакашии иншоот идома дорад”.
“Дар он минтақа, ки 30 гектар заминро дарбар мегирад, маҷмаа иборат аз меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонӣ, бинои маъмурию ҷамъиятию хизматрасонӣ ва ғайра бунёд мешавад”,-гуфт сармеъмори пойтахт.

Қаблан, гуфта мешуд, ки тамоми қаламрави бозори “Шоҳмансур” 4,3 гектар буда, "ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил гардид, ки бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ карда шуд".
Азизиён номи ширкати сохтмоние, ки маҷмааро месозад, ифшо накард, танҳо гуфт, ки баъди лоиҳакашии иншоот қарори шаҳрдори Душанбе дар бораи сохтмон ба ширкат дода мешавад.
Корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешаванд ва бино аз чанд ошёна иборат хоҳад буд, маълум нест. Тавре мушоҳида кардем, ҳоло печонидани гирду атрофи ин минатқа оғоз шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳашт сол пеш, рӯзи 9-уми октябри соли 2017, бозори маъруф ба “Зелёний бозор” дар пойтахт бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барҳам дода шуд ва савдогарони он ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд.
Ҳамон сол аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ҷойи бозор “маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад”. Аммо бо гузашти ин муддат дар ҷойи бозор ягон иншооте сохта нашуд ва замини он холӣ боқӣ монд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста