Теъдоди сайёҳоне, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, қариб 1,8 млн будааст. Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, хабар дод.
“Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазору 454 сайёҳ омад, ки ин нисбат ба соли 2024 27,5% ва ё 384 ҳазору 299 нафар бештар аст”, - гуфт Ҷумъахонзода.
Кумитаи рушди сайёҳии кишвар мегӯяд, ки теъдоди сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур 32,8% ва аз кишварҳои ИДМ 19,2% боло рафтааст.
Ба даҳгонаи аввали кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон чун сайёҳ омадаанд, инҳо шомил ҳастанд:
Ӯзбекситон – 1 млн 46 ҳазор 672
Русия- 396 ҳазор 475
Қирғизистон - 137 ҳазору 530
Қазоқистон – 37 ҳазор 288
Хитой – 33 ҳазору 178
Афғонистон – 14 ҳазор 577
Амрико – 12 ҳазор 350
Эрон – 11 ҳазору 866
Олмон – 7 ҳазор 668
Туркманистон – 6 ҳазор 475
Ҷамшед Ҷумъахонзода гуфт, ки барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ҳоло бо Чин лағви раводид баррасӣ мешавад ва “умедвор ҳастем, ки натиҷаи хуб медиҳад”.
Ба гуфтаи ӯ, ин яке аз роҳҳои ҷалби бештари сайёҳон аз бозори асосии сайёҳӣ ба кишвар аст.
“Барои Тоҷикистон кишварҳои арабӣ, Англия, Олмон, Фаронса, Русия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ бозори асосии сайёҳиро ташкил медиҳанд”,- гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.
Ба қавли ӯ, шаҳрвандони ин кишварҳо “бештар ба истироҳат ва сайёҳат завқ доранд”.
Аммо коршиносон ин омори пешниҳодкардаи Кумитаи рушди сайёҳиро ба чолиш мекашанд ва зикр мекунанд, ки он баёнгари вазъи воқеӣ нест. Дар асл теъдоди сайёҳони воқеӣ бамаротиб камтар аст ва ин тафовути рақамҳо дар пайи ҳисоби нодуруст ба миён омадааст. Яъне, теъдоди сайёҳон бо меъёри қабулшудаи ҷаҳонӣ ҳисоб нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста