Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон хабар дода, онро боиси ташвиш хонд.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта миёни ноболиғон 715 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли пеш 41 ҳолат бештар будааст. Ин теъдод дар соли 2024 ба 674 баробар буд.
“Ин хеле боиси ташвиш, боиси ташвиши падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад”, - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Дар ин баробар, вазир аз камшавии ҷиноят миёни ҷавонон иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, соли 2025 аз сӯйи ҷавонон 3 ҳазору 116 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 848 ҳолат камтар аст. Соли 2024 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 964 ҷиноят бо иштироки ҷавонон сабт шуда буд.
Чанд рӯз қабл Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон аз афзоиши ҷиноят миёни наврасон изҳори нигаронӣ карда буд.
“Навраси имрӯза ҷавони оянда аст. Агар дар синни наврасӣ ба ин кор даст занад, теъдод зиёд шавад, онҳо ҷавон мешаванд ва барои тамоми соҳа мушкил эҷод мешавад”, - гуфта буд Гулаҳмадзода.
Бояд гуфт, ки то кунун даҳҳо хабар дар бораи ҷанҷол ва ҳатто одамкушии ноболиғону ҷавонон дар расонаҳо интишор шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам гоҳо ҷузъиёти ҷинояткории ноболиғону ҷавононро ташреҳ медиҳад.
Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2025 пулиси Душанбе ҷузъиёти ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷрӯҳ шудааст, расонаӣ карда буд. Ин ниҳод он вақт гуфта буд, ки ҳодиса дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста