Ҷасади Дилрабо Азизбекова, зани 36-солаи тоҷикро, ки ду ҳафта пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Амрико ҷон бохт, имшаб ба ватан меоранд. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҷасади ӯро аллакай ба Тоҷикистон фиристодаанд ва интизор меравад, ки имшаб ба Душанбе расад.
Ба иттилои пайвандонаш, маросими ҷаноза рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал дар масҷиди маъруф ба “Мехкалон” -и пойтахт хонда мешавад.
Пайвандонаш мегӯянд, се кӯдаки ноболиғи ӯ ҳоло дар Амрико буда, яке аз наздиконаш барои нигоҳубини онҳо ба ин кишвар рафтааст.
Ёдрас мешавем, ки Дилрабо Азизбековаи 36-сола рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраскаи Амрико, ҳангоми идораи мошин, ки фарзандонаш низ ҳамроҳаш буданд, ба садама дучор шуд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё ва духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон буданд.
Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.
Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонид ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Корти сабз (Грин-корт) шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафта буд.
Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Онҳое, ҳам кам нестанд, ки бо мақсади сайёҳӣ ва меҳмонӣ ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди мо дар ИМА кору зиндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста