Таҷҳизоти Starlink акнун дар сомонаи расмии ин ширкат сабтином карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин ниҳод тартиби сабтиноми таҷҳизоти интернети моҳвораии Starlink-ро тавзеҳ доданд: акнун корбарон худ метавонанд таҷҳизотро дар сомонаи расмии ширкат - starlink.com/tj фармоиш диҳанд ва сабтином кунанд.
"Ширкати Starlink корбарон ва таҷҳизотро сабтином ва дар доираи қонунгузории Тоҷикистон, маълумоти заруриро ба ниҳоди ваколатдори давлатӣ ироа мекунад”, - гуфтанд дар Хадамоти алоқа.
Пештар хабар дода мешуд, ки барои сабтиноми таҷҳизот бояд ба дафтари таҳвилдиҳандаи миллии “Тоҷиктелеком” муроҷиат кард.
Барои сабтином ва фаъолсозии таҷҳизот корбар бояд нусхаи шиноснома (силсила ва рақам), рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақами телефон ва ҳамчунин маълумоти корти бонкӣ барои пардохти хадамот пешниҳод кунад.
Дар Хадамоти алоқа гуфтанд, ки Starlink дар Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2026 ба таври расмӣ фаъолият мебарад ва шаҳрвандону ширкатҳо метавонанд аз хадамоти ин ширкат ба таври қонунӣ истифода кунанд.
Ба корбароне, ки таҷҳизотро то оғози фаъолияти расмии ин ширкат дар Тоҷикистон дастрас ва истифода мекарданд, тавсия дода мешавад, ки онро тибқи тартиби муқарраршуда сабтином кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста