Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани баргузории маъракаи ифторро рад карда, гуфт, ки барои гузаронидани ин гуна маъракаҳо маҳдудият ҷорӣ нашудааст, вале ба исроф роҳ надиҳед.
Дар пайи паҳн шудани ин овозаҳо, рӯзи 18-уми феврал аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки чунин хабарҳо “асоси воқеӣ надоранд ва маъракаи ифтор дар доираи талаботи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдуд нагардидааст”.
Бояд гуфт, ифтор таомест, ки мусулмонон пас аз ғуруби офтоб дар моҳи шарифи Рамазон тановул мекунанд ва бо он рӯзаи худро мекушоянд. То имрӯз қонуни танзим барои он ҳеч маҳдудияте пешбинӣ накардааст.
Мусалмонон одатан дар Рамазон маъракаи ифтор баргузор карда, наздикону ҳамсояҳоро даъват мекунанд, ки ин, ба қавли онҳо, “боиси мустаҳкам шудани дӯстӣ ва меҳру муҳаббат мегардад”.
Ҳамасола тарабхонаву ошхонаҳои Душанбе ва дигар шаҳру навоҳӣ ҳам барои баргузории ифтор ба сокинон шароит пешниҳод мекунанд.
Аммо Кумитаи дин аз сокинони Тоҷикистон хост, ки “зимни баргузории маъракаи ифтор ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд”.
“Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷои густурдани хони бодабдаба дар ҳадди тавон таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо фиристода, ба ин васила аз аҷру савоби бештаре бархӯрдор гарданд”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Дар аҳодиси паёмбар Муҳаммад (с) ҳам ифтор додан тавсия шудааст: “Ҳар касе, ки ба рӯзадоре ифтор диҳад, барои ӯ аҷру савобе монанди савоби рӯзадор навишта мешавад” (Тирмизӣ).
Ҳамчунин, Кумитаи дин “бо дарназардошти он ки анҷоми хайру садақот танҳо бо додани таом маҳдуд намегардад” ба сокинон тавсия дод, ки “дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ба додани садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ятимону ниёзмандон ва дигар корҳои хайр таваҷҷуҳ дошта бошанд”.
Бояд гуфт, ки имрӯз – 19-уми феврал дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа моҳи шарифи Рамазон оғоз шуд. Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳои дунё вуҷуд дорад.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарз аст ва кӣ аз он озод мешавад, инчунин чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазонро дар ин матлаби таҳиякардаи “Азия-Плюс” бихонед. Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон низ дар ин пайванд аст.
Ва тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026-ро ин ҷо дарёфт кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста