Ҳавопаймои Ил-18, ки дар соҳили рӯдхонаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, чанд даҳсола рамзи ин шаҳр ба ҳисоб мерафт, тахриб шуд. Ин тасмим нигаронии бархе сокинони шаҳрро ба миён овард. Аксаран фикр карданд, ки ин ҳавопаймо нобуд карда мешавад. Вале Федератсияи парапланеризм ва ҳавонавардии сабуки Тоҷикистон гуфт, Ил -18 ба Осорхонаи ҳавонавардии Тоҷикистон интиқол дода мешавад ва ҳамчун яке аз нигораи ин осорхона нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳоди ҷамъиятӣ баъди як рӯзи нигаронии сокинони Хуҷанд бо нашри як изҳорот гуфт, тахриби ҳавопаймо маънии нобуд кардани онро надорад.
“Як соҳибкори шаҳри Хуҷанд, ки ба сохтмони иншооти ҷашнӣ машғул аст, ба Федератсия муроҷиат кард, ки дар доираи сохтмони иншоот масъалаи макони ояндаи ҳавопаймо бояд ҳал карда шавад. Ҳамин тариқ, бо мувофиқаи ҷонибҳо тасмим гирифта шуд, ки Ил-18 ҳифз карда мешавад ва ба рӯйхати нигораҳои Осорхонаи ҳавонавардии Тоҷикистон шомил мегардад”, - зикр мешаваддар саҳифаи Федератсияи парапланеризм ва ҳавонавардии сабуки Тоҷикистон дар Фейсбук.
Ҳоло Ил-18 пурра тахриб шуда, барои нигоҳдорӣ ба фурудгоҳи Хуҷанд интиқол ёфтааст. Пас аз муайян кардани ҷойи ниҳоии Осорхонаи ҳавонавардӣ, ҳавопаймо ба таври пурра таъмир карда шуда, ҷойи худро дар байни дигар намунаҳои техникӣ пайдо хоҳад кард. Ҳоло маълум нест, ки ин осорхона дар куҷо ва кай бунёд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои таъмир ва нигоҳдории ҳавопаймо, мутахассисон аз кишварҳои гуногун, ба мисли Эрон, Русия ва Қазоқистон, ҷалб шудаанд. Ҳамаи корҳо мувофиқи меъёрҳо ва бо роҳнамоии мутахассисони соҳа гузаронда мешаванд.
Таърихи Ил-18 дар Хуҷанд
Ҳавопаймои Ил-18 дар охири солҳои 70-ум дар Хуҷанд пас аз як фоҷиаи ҳавонавардии ҳавопаймои монанда ба он- ИЛ-18В гузошта шуд. 24-уми феврали соли 1973 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд (он замон Ленинобод) фоҷиаи маргбори ҳавонавардӣ бо ҳавопаймои Ил-18В ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 79 нафар ҷони худро аз даст доданд. Эҳтимол, Ил-18 ба хотири ёдбуди ин фоҷиа дар соҳили Сирдарё насб шуда бошад.

Пас аз “наҷот”-и Ил-18 он ҳамчун “тренажёр”и наҷотдиҳандагон дар фурудгоҳи “Ленинобод” истифода мешуд. Дар соли 1979 онро ба ҳисоби мақомоти шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) доданд ва ҳамчун ёдгорӣ истифода карданд. Дар солҳои 80-ум он ба қаҳвахон табдил ёфт, ки сокинон ва сайёҳон ба он ҷо мерафтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста