Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дорандагони ҳамаи кортҳои бонкиашро аз нав ба қайд мегирад ва дар сурати дубора сабтином накардан, хидматрасонии корт муваққатан қатъ мешавад. Сабтиноми онҳо то охири моҳи марти имсол давом карда, дар ҳолати пеш омадани зарурат, метавонад тамдид карда шавад.
Дар ин бора аз бонки мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, “Амонатбонк” ба ҳар як муштарии худ SMS-паёмак ирсол мекунад ва дар сурати ҳозир нашудан дар давоми 30 рӯзи баъди ирсоли паёмак, фаъолияти корти бонкӣ муваққатан қатъ мешавад. Баъди муроҷиат ба бонк ва аз нав ба қайд гирифтан, корти бонкӣ дубора фаъол мешавад.
Ба қавли манбаъ, бо назардошти теъдоди мизоҷон, бақайдгирӣ метавонад то семоҳаи аввали соли ҷорӣ идома ёбад.
Бонк иддао мекунад, ки ин иқдомро бо ҳадафи “таъмини бехатарии молиявии мизоҷони худ ва шаффофияти амалиётҳо, инчунин коҳиш додани хавфҳои қаллобӣ” рӯйи даст гирифтааст.
Ба иттилои масъулин, бақайдгирӣ тавассути барномаи мобилии махсус дар 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии “Амонатбонк” сурат мегирад.
“Мизоҷон новобаста аз он ки дар кадом ноҳия қарор доранд ва корти худро аз кадом филиал гирифтаанд, метавонанд ба дилхоҳ филиал ё маркази хадамоти бонкӣ рафта, аз нав ба қайд гиранд”, - афзуд манбаъ.
Сабтиноми такрорӣ чунин сурат мегирад:
- Дорандагони корти бонкии “Амонатбонк” бо шиноснома ва корти худ ба дилхоҳ филиали бонк ҳозир мешаванд;
- Маълумоти корт ва рақами телефони мобилии мизоҷ дар замимаи барнома ворид карда мешавад;
- Акси корт, шиноснома ва азхудаксгирӣ (селфи)-и мизоҷ бо шиносномааш гирифта мешавад.

Ба гуфтаи масъулин, барои сабтиноми шахсони дорои маъюбият ва онҳое, ки имконияти ба бонк ҳозир шудан надоранд, масъулон “дар вақти ба мизоҷ мувофиқ ба макони зисти онҳо ҳозир шуда, аз нав сабтином мекунанд”.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон маоши кормандони бахши буҷетӣ, нафақа ва идрорпулиҳо тавассути корти “Амонатбонк” пардохт мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар аз шиносоии дубораи нафақахӯрон дар кишвар иттилоъ дода буд.
Нафақахӯронро акнун зарур аст, ки барои гирифтани нафақа дар “Амонатбонк” низ дубора сабтином кунанд.
Ба иттилои “Амонатбонк”, далели дубора бақайдгирии нафақахӯрон ҳосил кардани итминон дар хусуси он аст, “ки корти нафақавӣ маҳз дар дасти мизоҷ (нафақахӯр) буда, дастрасии он ба шахши сеюм маҳдуд аст”.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста