Соли гузашта беш аз 2 млн 780 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади саёҳат, табобату таҳсил ва тиҷорат ба Ӯзбекистон рафтаанд, ки 2 млн 700 ҳазори он сайёҳ мебошанд. Дар ин бора Кумитаи омори Ӯзбекистон гузориш додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар соли 2025 ба Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 11,7 миллион сайёҳ ворид шуда, тоҷикистониён бо 2,7 миллион баъди Қирғизистон (3,3 млн) дар зинаи дуюм қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, соли гузашта 1 миллиону 117 ҳазору 800 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд. Ин теъдод беш аз 50% сайёҳони давоми сол ба Тоҷикистон омадаро фаро мегирад. Вале Оҷонсии омори Ӯзбекистон мегӯяд, соли гузашта 1,3 ӯзбекистонӣ ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон омдаанд.

Барои табобат, таҳсил ва тиҷорат
Тавре мақомоти Ӯзбекистон иттилоъ медиҳанд, теъдоди тоҷикистониёне, ки соли гузашта барои табобат ба Ӯзбекистон рафтаанд, 59 ҳазору 145 нафар аст. Ин ниҳод мегӯяд, соли гузашта аз ҳама бештар ба ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади муолиҷа рафтаанд. Соли 2025 ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 86 ҳазору 199 нафар барои табобат рафтаанд.
Манбаъ менависад, ки соли 2025-ум барои таҳсил ба ин кишвар 2 ҳазору 904 тоҷикистонӣ рафтаанд. Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар барои таҳсил ба ин кишвар рафтаанд, пас аз Ҳиндустон (17 241 донишҷӯ) ва Туркманистон ( 9 349 донишҷӯ) дар ҷои сеюм қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, ниҳоди мазкур чанде пеш хабар дода буд, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳое, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар мактабҳои олияш таҳсил мекунанд, пас аз Русия ҷои дуюмро касб кардааст. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 6 ҳазору 39 донишҷӯи ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд.
Барои тиҷорат бошад, давоми як соли гузашта ба Ӯзбекистон 17 ҳазору 962 шаҳрванди Тоҷикистон сафар кардааст. Тоҷикистониён баъди шаҳрвандони Афғонистон (415 577) аз ҳама зиёд чун тоҷир вориди ин кишвар шудаанд. Соли 2025 ба Ӯзбекистон дар умум 446 ҳазору 800 нафар барои тиҷорат сафар карда буданд.
Бояд гуфт, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ва сафари давлатии ӯ дар соли 2018 ба Тоҷикистону имзои санадҳои нави ҳамкорӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсоя беҳ ва марзҳо боз шуданд. Аз он ба баъд, муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ, иҷтимоъ ва иқтисод низ бамаротиб рушд карда, ҳамасола ҳазорҳо сокинон ба кишварҳои ҳамдигар бо ҳадаафҳои гуногун сафар мекунанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста