Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд (Tashkent Grand Slam 2026), ки имрӯз, 27-уми феврал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оғоз шуда то 1-уми март идома мекунад, Тоҷикистонро 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунад.
Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ додааст, ки дар ин мусобиқа то рӯзи оғози он 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвар сабтином шудаанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти мазкур, ба иттилои телевизиони “Варзиш”, паҳлавонони зерин муаррифӣ мекунанд:
- Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҳарду дар вазни то 60 кг;
- Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ҳарду дар вазни то 66 кг;
- Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ҳарду дар вазни то 73 кг;
- Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев ҳарду дар вазни то 81 кг;
- Умар Расулов, Музамир Каримзода ҳарду дар вазни то 90 кг;
- Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов ҳарду дар вазни то 100 кг;
- Некрӯзшоҳ Некбахтзода дар вазни +100 кг;
- Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг;
- Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг;
- Александра Кан дар вазни то 57 кг;
- Виктория Киселёва дар вазни +78 кг;
Дастаи Узбекистон - бо шумораи аз ҳама зиёд - 55 нафар (28 мард ва 27 зан) иштирок мекунанд.
Дар “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд варзишгарон ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёз дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо ва ҷоизаҳои молӣ хоҳанд шуд.
Барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 5000 евро, ҷойҳои дуюм 3000 евро ва зинаҳои сеюм 1500-евроӣ ба даст меоранд.
Ҷудокорони тоҷик соли гузашта аз ин мусобиқа медал гирифта натавониста буданд. Соли 2024 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Tashkent Grand Slam соҳиби як медали тило шуда буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст оварда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста