Дар доираи Намоишгоҳи байналмиалиии сайёҳии "ITB Berlin-2026", ки дар пойтахти Олмон баргузор шуд, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо ширкатҳои аврупоӣ масоили густариши ҳамкориҳо, роҳандозии сафар ва сайру саёҳатҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши сайёҳии кишварро мавриди баррасӣ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ бо Мирослав Рончак, коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дидору гуфтушунид кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҷонибҳо доир ба ташкили форуми муштараки сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 ба мувофиқа расиданд.
"Ҳадаф аз форум ҷалби сайёҳон аз Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ, инчунин роҳандозии барнома ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар минтақаҳои хушманазари Тоҷикистон унвон шуд", - мегӯяд Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Дар кори намоишгоҳ имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, иншооти таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии кишвар ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Намоишгоҳи "ITB Berlin" яке аз чорабиниҳои бузурги байнулмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, ҳамасола намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи сайёҳӣ ва сармоягузорон ба ин соҳа аз кишварҳои гуногунро гирдиҳам меорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста