Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки аз 11-уми март парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе аз сар мегирад.
Ин ширкат гуфтааст, ки рӯзҳои 11, 13 ва 15 март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми Дубай ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Дар сомонаи ин ширкат ҷадвали минбаъдаи парвозҳои он дар ин масир низ гузошта шудааст.
“Сомон Эйр” илова кардааст, ки билетҳо дар фурӯш буда, барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд:
+992 44 640 40 49
+992 44 640 40 50
+992 93 7777 459 (WhatsApp)
Дар сомонаи "Сомон Эйр" нархи билет аз Душанбе то Дубай барои рӯзи 11-уми март 1700 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қаблан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад. Аз ин пештар гуфта буд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедорад.
Баъ аз ин, ВКХ Тоҷикистон эълон кард, ки бо дастури ҳукумати кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҳолати зарурӣ барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад.
Ҳамин тариқ, "Сомон Эйр" ва "Флай Дубай" дар чанд рӯзи охир тақрибан 550 нафарро бо парвозҳои чартерӣ аз Абу-Забӣ ва Дубай ба Тоҷикистон баргардонданд. Ду парвози охирин, рӯзи 8-уми март сурат гирифт ва беш аз 300 нафар, аз ҷумла хориҷиён ба Душанбе омаданд.
Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.
Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.
Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста