Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумаки башардӯстона фиристод.
Дар ин бора имрӯз, 18-уми март, сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, навиштааст, ки ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон равон карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, кӯмакҳо аз 3 ҳазору 610 тонна бор, аз ҷумла, аз 45 тонна доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
“Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18-уми март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуд ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад”, - навиштааст манбаъ.
Бояд гуфт, субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста