Ёриҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон, ки рӯзи 18-уми март ирсол шуда буданд, вориди Эрон гаштаанд. Хабаргузории “Меҳр” рӯзи 21-уми март навишт, ки ин кумакҳо дар 107 мошини борбар пас аз убур аз Ӯзбекистон ва Туркманистон аз марзи шаҳристони Сарахс вориди Эрон шуданд.
Дар наворе, ки хабаргузории “Форс” нашр кард, чанде аз мансабдорони тоҷик, аз ҷумла, Адҳам Маъмурзода, мушовири калони ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо мақомдорони эронӣ дида мешаванд.
Адҳам Маъмурзода дар суханронии худ вазъи кунунии Эронро “мураккаб” арзёбӣ карда, мегӯяд, ҳадафи сафари онҳо ба ин кишвар “иброз намудани дастгириву ҳамдардии ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми ба мо дӯсту бродари Эрон мебошад”.
Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ёрии башардӯстона ба Эрон аз 3 ҳазору 610 тонна бор, аз ҷумла, аз 45 тонна доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат буда, дар 110 мошини борбар равон шудааст.
Пас аз ин, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломӣ қадрдонӣ кард.
Ӯ имрӯз, 20-уми март, изҳор дошт, ки “Эрону Тоҷикистон ду кишвари форсизабон ва меросдорони тамаддуни куҳани порсӣ ҳастанд, ки ҳамвора дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд”.
“Аз давлат ва мардуми Тоҷикистон, бахусус, аз раисҷумҳури муҳтарами он кишвар, ба хотири кумакҳои саховатмандонаи онҳо самимона ташаккур мекунам”, - навишт ӯ.
Ёдовар бояд шуд, ки субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Ҷанг ҳамоно идома дорад ва Амрикову Исроил бо кӯмаки ошкору пинҳони муттаҳидони худ ҳар рӯз ба шаҳрҳои гуногуни Эрон аз ҳаво зарба мезананд ва боиси харобиву талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани ҳазорон сокини осоишта шудаанд.
Вазъият дар Ховари Миёна печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста