Душанбе. 7 апрел. «Азия-Плюс» - | Сатҳи об дар обанбори бузургтарин НОБ-и Тоҷикистон - Норак имрӯз 856 метру 88 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин аз нишондиҳандаи камтарин поин аст, иттило медиҳад котиби матбуотии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ба қавли ӯ рузи чоршанбе, 6 апрел, маҷрои оби рӯди Вахш 250 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод дар ҳоле, ки ин нишондод соли сипаригашта дар моҳи апрел баробар ба 440 метри мукааб буд.
Бар тибқи маълумоти Ёдгорӣ кам шудани об дар дарёҳо соли равон дар тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.
«Мувофиқи иттилое, ки аз энергетикони қирғиз ба мо расид маҷрои оби рӯди Нарин, ки дар он як қатор неругоҳҳои гидроэнергетикӣ сохта шудаанд рӯзи чоршанбе 282 метри мукаабро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар ҳамин вақти соли сипаригашта ба 384 метри мукааб баробар буд», -афзуд Ёдгорӣ.
Дар ин асно намояндаи «Барқи тоҷик» иброз дошт, ки дар вазъи ба миён омада дар хусуси бекор кардани лимити барқ сухан гуфтан номумкин аст. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки маҳдудият шадидтар намегардад.
Ба гуфтаи Ёдгорӣ мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон шурӯъ аз 10 апрел дар болооби рӯди Вахш поёншавии ҳарорати ҳаво дар назар аст, ки чунин вазъ то 16 апрел давом хоҳад ёфт.
«Ахиран дар шаҳри Душанбе ҳарорати максималии ҳаво 22 дараҷа гарм буд ва дар Ғарм ҳарорат рӯзона 7 дараҷа гармиро ташкил медод. Шаб дар ин минтақа ҳануз яхбандӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳолати обшавии босуръати барф дар болооби рӯди Вахш оби он дар муддати чор-панҷ рӯз ба Норак мерасад », - изҳор дошт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста