Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» - | Тоҷикистон бо Узбекистон дар хусуси паст кардани нархи гази табии гуфтушунид дорад.
Тавре вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шерали дар рафти нишасти матбуотӣ, ки рузи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, иброз дошт, дар ҳоли ҳозир раҳбари ҶСШК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ҷиҳати баргузор намудани гуфтушунид бо ҳамтоёни узбекаш дар Тошканд қарор дорад.
«Мо бо «Узтрансгаз» ҳамкории зич дошта масъалаи мазкурро чандин маротиба бардоштем», - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи вазир гази Узбекистонро феълан танҳо КВД «Талко» ва «Тоҷиксемент» мегиранд. «То муддати чанд аҳолии қисмати шимоли кишвар низ бо ин газ таъмин карда мешуд, аммо имруз бо баланд бардоштани нархи он ин минтақа аз газ даст кашид»,- мегуяд вазир.
Ёдовар мешавем, ки Узбекистон дар оғози семоҳаи дуввуми соли равон арзиши газро аз $227,85 то $249, яъне $21,15 баланд бардошт.
Ба гуфтаи Гул Шерали ҳукумати Узбекистон баланд бардоштани арзиши гази табииро ба афзоиши нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ рабт медиҳад.
«Мо бояд ҳаҷми истихроҷу коркарди гази худиро афзоиш диҳем-изҳор дошт вазир. – Аммо барои ин вақт лозим аст,зеро сӯзишворӣ дар қаламрави кишварамон дар жарфи 5-7 километр вуҷуд дорад».
Ӯ инчунин илова намуд, ки истихроҷи гази табии худӣ дар кишвар тибқи нақша амалӣ мешавад.
«Дар анҷоми соли гузашта корхонаи фаръии «Газпром» дар ноҳияи Шаҳринав корашро оғоз кард. Ҳамчунин давоми соли ҷори ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон» ба пармакунии чоҳ дар ҷануби кишвар ва дар охири сол ширкати «Сомон Ойл» дар шимол шурӯъ мекунанд».
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Зайниддин9 апрел, 2011 09:04
Салом! ман хамчун шахрванди Точикистон хаминро гуфтаниам, ки газе , ки дар худуди чумхурии мо мебошад хамон газро бояд ба халки худ ба истифода дихад , зеро бо сохтани неругохи баркии Рогун Узбекистон метавонад на танхо газ, балки тамоми махсулоте, ки ба Точикистон аз Узбекистон ворид мегардад киммат кунад .....